Мо кулли омўзгорони кафедра аз муноқиша ва нофаҳмиҳое, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Қиғизистон ба амал омада истодааст, сахт андуҳгин ва мутассирем.
Бояд қайд намуд, ки барои мо, Тоҷикистониён, Истиқлолияти давлатӣ бо дунявият ва низоми давлатдории дунявї тавъам аст. Мардуми кўханбунёди тоҷик дар ягон давру замон нисбат ба ягон халқият душманиро раво надидаанд. Аммо бояд қайд намуд, ки мо барои ҳимояи марзу бумї аҷдодии хеш ҷони худро нисор медорем. Ҳар зарра хоку, ҳар қатра оби ин Ватан барои мо азизу муқаддас аст. Мо Ватани худро ба мисли модару ҳоҳарони худ дўст медорем ва ҳифз менамоем.
Ҳукумати кишвар бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоян, ки бо мардуми ҳамсоя кишвар робитаи хуби дустиро барқарор намуда дар фазои озоду осуда ва сулҳу субот зиндагӣ намоед. Кулли мардуми шарафманди тоҷик аз ҳидоятҳои сарвару Пешвои маҳбуби хеш панди зиндагӣ гирифта доимо дўстиро ҷусту ҷў менамоянд. Мақсадии асосии мо сулҳу дусту ва ободкорию меҳанпарасти мебошад. Барои мо мардуми тоҷик ин Ватани аҷдодӣ муқаддаст аст. Ворух порае аз хоки аҷдодии тоҷикион мебошад, ҳимояи он барои фарз аст.
Омўзгорони кафедраи металлургияи
Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон