САБРУ ТОҚАТ ВА РИОЯИ ҲАМСОЯДОРИИ ТОҶИКОН

Тоҷику тоҷикистониён аз қадимулайём баҳри поси ҳамсояву ҳамсоядорӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки муносибати хуб дошта бошанд. Аз суханҳои халқи «хона нахар ҳамсоя хар», ин суханҳо онро шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик сабру таҳаммул ва оини ҳамсоядориро то қадри аз меъёр гузаштан риоя менамоянд. Аммо ҳамсоясарҳад, Ҷумҳурии Қирғизистон бошад солҳои охир ва чандин маротиба ба аҳолӣ ва хоҷагидории деҳотҳои мо тоҷикистониён зарарҳои моддӣ расониданд. Чунончи, мардуми қирғизҳо солҳои охир пай дар пай ва бе асос муноқишаҳои лафзӣ ва баъдан сангсор кардани мардум инчунин  бераҳмона бо аслиҳаҳо ба чорвои бе гуноҳ тирандозӣ намуданд. Ин беадолатиҳо ва бераҳмиҳои мардуми Қирғизистон аҳолӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ташвиш овард. Сарчашмаи асосии низоъҳои байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро худи сарҳадбонон ва мардуми ғирғиз буд, ки дар натиҷа муноқиша дар сарҳад сар зад. Ҳадаф ва мақсадҳои онҳо, ин бе асос соҳиб шудани қитъаи замини вобаста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда мебошад, ки фикру ҳаракатҳои хом оқибати бедодгарӣ ва муноқишаи ҳамсоядорӣ гардид. Бештар ин муноқиша ва тир кушодан бо милтиқи шикорӣ дар атрофи шаҳри Исфара ҷамоати Ворух якчанд маротибаҳо рух додаст. Мардуми бонангу номуси ҷамоати Ворух тоқатпазириҳои зиёд намуд ва андешаи ҳамсоядорӣ карда ингуна вазниниҳои муноқишаи марзиро дар солҳои охир паси сар намуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо мардуми тоҷикистониён ҳамеша тоқатпазир ва пурбардор ҳастем. Ҳамаи мо шоҳид ҳастем ва мушоҳида намуда истодаем, ки ин гуна рафторҳои ҳамсоя марзи мо қирғизҳо якчанд маротиба такрор шуда аз ҳадди инсонгароӣ ва ҳамсоядорӣ гузаштааст. Ҷунон бераҳмона рафтор намуда истодаанд, ки ҳатто ҳайвонҳои ҷондори хонаводаи хонагии халқи тоҷиконро ба тирҳои нишонгирифта маҷрӯҳ намуданд, ки дар ҳамаи расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ ҷойгир карда шудааст. Инчунин дар муноқиша ва ҳодисаҳои охирине, ки боси ташвиши ҳамаи мо тоҷикон гардид сабабгори асосии он мардуми Қирғизистон мебошад.

 

 Облоқулов В.М

и.в. мудири кафедраи

      иқтисодиёт ва идоракунӣ