Санаҳои 28-30 апрели соли равон дар минтақаҳои наздисарҳадии н. Б. Ғафуров, Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва н. Лайлак, Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон низои яроқнок ба амал омад, ки боиси ҳалокат ва маҷрӯҳшавии шаҳрвандони ҳардутараф гардид. Албатта, ҳар як низоъ, алалхусус низое, ки бо истифода аз яроқи оташфишон ба амал меояд, боиси маҳкум намудан аст.
Имрӯзҳо мансабдорон ва воситаҳои ахбори Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо гуноҳи ҳуҷуми яроқнок айбдор медонанд. Аммо таърихан халқи тоҷик, ҳамчун яке аз мардуми куҳанбунёд ва дорои фарҳанги қадимаву воло дар тамоми мавҷудияти худ ба ягон замини бегона ҳуҷум накардааст ва ё хонаи дигар халқу миллатро ғасб накардааст. Танҳо дар ҳама давру замон худ ва сарзаминашро муҳофизат намуда, зидди беадолативу таҳқирҳои бегонагон мубориза бурдааст ва худро ҳимоя кардааст.
Ҳодисаҳои дар боло зикр гардида, имрӯзу дирӯз ба амал наомадааст. Он сабаб ва омилҳое дорад, ки дар тӯли чанд соли охир ҷамъ гардида, тоҷикон, ки косаи сабрашон лабрез гардид, ба таҳқиру зӯроварии баъзе аз кормандони мақомотҳои қудративу ҳарбӣ ва шаҳрвандони ҷинояткори қирғиз ҷавоб гардониданд.
Мардуми ин маҳалҳои тоҷикнишин борҳо шоҳид шудаанд ба гаравгонгирии мардуми оддии тоҷик аз тарафи қирғизҳо, ба шиканҷаи онҳо дучор гардидан ва бо роҳҳои гуногуни азиятбор аз шиканҷаи онҳо озод мегардиданд.
Мақсад аз ин навиштаҳо, муайян кардани ҳақиқат ва адолат мебошад.
Он ҳодисае, ки ба амал омад фоҷиа аст, ва имрӯз мардуми ҳардутараф аз он бояд хулосаи даркорӣ бароранд. Халқҳои тоҷику қирғиз ва ӯзбекҳо тӯли чандин даҳсолаҳо ва садсолаҳо дар дӯстиву рафоқат кору зиндагӣ доштанд. Алалхусус мардуми ноҳияи Лайлак, ки дар ҳаммарзии н. Б. Ғафуров зиндагӣ доранд, бисёр маҳсулотҳои рӯзғордориро аз Тоҷикистон дастрас менамуданд, маризони онҳо дар дармонгоҳҳои н. Б. Ғафуров табобат мегирифтанд.
Мақомотҳои давлатии Қирғизистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба он гунаҳкор менамоянд, ки онҳо ҳамчун ғасбкор ба хоки онҳо ворид гардидаанд, ки ин тамоман нодуруст аст. “Қувваҳои яроқноки кироя”- ки онҳо нишон додан мехоҳанд, онҳо шаҳрвандони баору номус ва ватандӯсти тоҷикистоние мебошанд, ки барои ҳимояи хоку бум ва мардуми худ бархостаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони ватандӯсти тоҷик бори дигар исбот карда тавонистанд, ки онҳо худро аз ҳаргуна қувваҳои бадхоҳ муҳофизат карда метавонанд ва яроқи инсонкуши бадхоҳонро ба тарафи худи онҳо равона месозанд. Чуноне ки мегӯянд “Касе бо шамшер биёяд, аз шамшераш ҳалок мегардад”.
Ба аҳли байти ҳамаи ҳалокшудагон ва маҷрӯҳони ин низоъ ҳамдардӣ баён намуда, даъват ба он менамоем, ки ҳамаи низоъҳо танҳо тавассути гуфтушунид, мусолиҳаомезона ҳаллу фасл мегардад ва ҳамин тавр ҳам бояд шавад.
Абдуллоев И. Р., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон