Баҳри риояи одобу ахлоқи ҳамида ва фаҳмонидани қоидаву қонунҳои зисту зиндагонӣ дар хобгоҳ, муовини ректори оид ба молия ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад ва муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлуда бо донишҷӯёни хобгоҳи №3 вохӯрӣ ва мулоқот намуд.
Мавсуф аз донишҷӯёни муқиқими хобгоҳ ба таври ҷидди талаб намуд, ки тарзи зисту зиндагониро дар ин бино донишҷӯён дуруст ба роҳ монанд ва ба бехатарии сухтор низ таваҷҷуҳ фармоянд. Ҷабборзода М. ҳини дидор бо донишҷӯён аз ҳолу аҳвол ва шароити онон пурсон шуда, ба донишҷӯён ваъдаи беҳтар намудани шароитро дод.
Муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлуда низ бо донишҷӯён аз вазъи буҳронии ҳолати донишҷӯён ва рафтори ношоистаашон сухан ронда, иброз намуд, ки минбаъд донишҷӯёне, ки қоидаву қонунҳои донишҷӯиро риоя намекунанд аз донишкада хориҷ карда мешаванд.
Он рафтори ношоиста ва ғайриинсоние, ки ҳоло аз ҷониби донишҷӯён дида мешавад, боиси шармандагии на танҳо донишҷӯён, балки волидайни онон низ мегардад, иброз дошт Аминҷонова М.С.
Ҳамзамон Ҷабборзода М. аз донишҷӯён талаб намуд, ки ба тозагӣ риоя кунанд ва ҳар гуна партовҳоро ба кӯчаву хиёбонҳо напартоянд, чунки ин рафтори бад боис ба баҳодиҳии худи донишҷӯён ва муҳити хонаводагиашон мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин вохӯрӣ муовинони ректорро декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ, омӯзгорон ва муовинони декан оид ба тарбия ҳамроҳӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот