Дирӯз, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Усулҳои инноватсионии таълим: ҳолати муосир ва дурнамои такомул» баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалаӣ ва муовини ректор оид ба таълим Насридиннов Замониддин ширкат варзиданд.
Дар кори конфронс нахст ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ бахшида аз масоили баҳсталаби низоми таҳсил ва ҳамчунин мушкилоти мавҷуда дар литсейҳои касбӣ-техникӣ гуфтанд. Ректори донишкада иброз доштанд, ки имрӯз ҷиҳати таҷдиди назар намудани низоми таҳсил ҳама шароит муҳайёст ва бояд, ки барои расидан ба ҳадафи олӣ аз таҷрибаи миллӣ кор гирифта шавад.
Дар конфронс ҳамчунин муовинони ректорҳои донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзида суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои конфронс ба маърӯзачиён аз ҷониби муовини ректор оид ба таълими ДДҲБСТ Ҳаким Ғаюров сипоснома ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот