Ба маълумоти донишҷӯён, омӯзгорон ва олимон мерасонем, ки санаи 28-уми апрели соли 2021 соати 14:00 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-44) ҷиҳати амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз рӯи 7 номгӯ:
- математика (арифметика, алгебра, геометрия);
- физика ва астрономия;
- химия;
- биология (ботаника, зоология, анатомия);
- география;
- технологияи иттилоотӣ;
- ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
баргузор мегардад. Аз ин лиҳоз ҷиҳати иштирок, то санаи 28-уми апрел дар Раёсати илм ва иннноватсия худро номнавис намоед.
Тибқи фармоиши ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ комиссияи озмун дар ҳайати зерин таъсис дода шудааст:
Раис: Маҳмадалӣ Бахтиёр – н.и.и., дотсент, ректори донишкада;
Аъзоён:
- Насриддинов З.З. – н.и.г – м., муовини ректор оид ба таълим (муовини аввал);
- Қозиев К.С. – н.и.физ-мат., декани факултети электромеханика;
- Шамсиддинов Ш.М. – н.и.п., декани факултети металлургия;
- Эшонқулов А.А. – н.и. физ-мат.,дотсенти кафедраи таъминоти барқ;
- Шербоев М.А. – сардори раёсати илм ва инноватсия.
Ғолибони озмун бо ифтихорномаву туҳфаҳо қадрдони карда мешаванд!