Барқияи табрикотӣ аз номи роҳбарияти коллеҷу донишкада ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии халқии Чин ба муносибати 15-умин солгарди таъсисёбии донишкада

Роҳбарияти Донишгоҳи  байналмиллалии  нафту гази Хитой (Хуадун) низ ба унвонии ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ номаи табрикӣ фиристода аз ҷумла изҳори хушҳоли намудааст, ки бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкории дуҷониба дорад. Ҳамчунин, дар баёния аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси донишкада ва рушди соҳаи саноат низ ёдоварӣ шудааст.

Ҳамзамон дар ин росто роҳбарияти Коллеҷи касбӣ-техникии  Ланчжоуи Ҷумҳурии халқии Хитой ба унвонии ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба муносибати 15-умин солгарди таъсисёбии донишкада барқияи табрикӣ фиристодааст, ки дар он аз ҷумла дар бораи тавсеяи ҳамкориҳои дуҷониба ва қаноатмандӣ аз он суҳбат низ рафтааст.

М.Сайидзода