Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 15 солагии таъсисёбии донишкада форуми саноатӣ таҳти унвони “Қадамҳои устувор баҳри рушди саноати миллӣ” баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, ректорҳои донишкадававу донишгоҳҳои вилоят ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ширкат варзиданд.
Форумро нахуст Осими Оқил ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ доданд.
Дар қисмати баромадкунандагони форум имрӯз муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, консули генералии Федератсияи Россия Варламов Андрей дар шаҳри Хуҷанд, директори генералии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Хитой” Ван Ши Чин, ректори ДҲБСТ Шарифзода Мӯъмин ва ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат доштанд. Ҳамчунин дар рафти форум профессорон аз Норвегия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва муовини сафири Япония бо тариқи онлайн ба форум ҳамроҳ шуда, суханронӣ намуданд.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар суханронии худ иброз доштанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чаҳоруми миллӣ эълон намуданд ва дар ин замина аз донандагони соҳа ва олимону муҳандисон масъулияти бештаре тақозо мешавад,то бар ин ҳадафи миллии хеш зудтар бирасем…
Дар қисмати дуюми форум имрӯз аз рӯйи бахшҳои муҳим ба монанди иқтисод, саноат, корҳои кӯҳӣ ва металлургияву экология бахшҳои алоҳидаи форум бо ширкати олимону мутахассисони соҳа сурат гирифт.
Ҳоло кори форуми саноатӣ идома дорад….
Дар зер аксҳо аз ҷараёни суханронии ректори донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар форуми саноатӣ ва аксҳои омӯзгорону меҳмонон