Дирӯз дар толори Шӯрои олимони донишкада бо ташаббуси кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ конфронси сатҳи баланди донишҷӯёну магистрон таҳти унвони “Саҳми фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар конфронси имрӯза ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба корҳои таълим Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлуда, декани факултети корҳои кӯҳи Самадова Гулӣ, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Сулейманова Назокат ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Кори конфронсро нахуст ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ оғоз бахшида, иброз доштанд, ки саҳми олимон ва пажӯҳиши онон дар рушди иқтисодиёт хеле муҳим аст ва агар олимони соҳа тавонанд, ки бо таҳқиқоти худ барои рушди иқтисодиёти кишвар саҳме гузошта тавонанд, ин худ аллакай иҷрои рисолати олимӣ ва пажӯҳишгар мебошад. Омӯзгорони донишкадаи мо дар омода намудани мутахассисони соҳаи саноат ва соҳаҳои иқтисодиёту металлургия саҳми бузург мегузоранд, ки ин шоистаи таҳсин мебошад, аммо олимони донишкада набояд фаромӯш созанд, ки рисолати мо на фақат дар омода намудани мутахассисон хотима меёбад, балки бо ҳамин роҳ ҳаракат кардан зарур, то дар ҳалли муаммоҳо ва мушкилоти мавҷуда мусоидат бикунем…
Дар чорабинии имрӯза ҳамчунин донишҷӯён ва магистрони донишкада дар мавзӯъҳои алоҳида баромад намуда, андешаҳои хешро баён намуданд.
Ҳамзамон дар қисмати ифтитоҳии конфрон ба як қатор донишҷӯёни фаъол ифтихорномаву сипосномаҳои донишкада тақдим карда шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар пайи кори конфронс мақолаҳои омӯзгорон ва магистрони донишкада ҷамъ оварда шуда, дар шакли маҷмӯа ба нашр расонида шудааст.
М. Сайидзода