Вақте рафтор ва гуфтори аъзоёни гурӯҳи экстремистии 24-ро мебинем, чунин ба назар мерасад, ки гӯё ин бачаҳои гмроҳшуда аз фарҳанг ва маданият хеле дур бошанд, вале чунин дақиқтар менигарем ҳамин қадар хулоса мекунем, ки аъзоёни ТЭ “Гурӯҳи 24” ятимони ақлу хирад ва гумроҳшудагоне ҳастанд, ки намедонанд ба кадом роҳ мераванд.
Чунки ҳар як сухан ва баромади ононро вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем ба чунин хулоса мерасем, ки дар ҳақиқат ин бачаҳакои гумроҳ барвақт манқурт гардидаанду чашми дидани ҳақиқатро надоранду ба равондармонӣ ва ё худ психолог ниёз доранд.
Ҳоло дигар ҳар сухае метавонем дар бораи ин хоинони ақлбохта ва равонии аъзои созмони экстремистии “Гурӯҳи 24” бигӯем, чунки ононро волидайнашон аз хонаашон бадарға намудаанду онон дигар ҳеҷ ҷойи рафте ҳам надоранд ва саропо аз ақл бегона гардидаанду ҳарза мегӯянд.
Дар воқеъ агар ба суханронии ин бистучориҳои бемағз таваҷҷуҳ кунем ҳамин қадар мурод ҳосил мешавад, ки дар ҳақиқат ин хоинбачаҳои манқурт ақлҳояшонро аз даст додаанду фарқи миллату давлат ва манофеи милливу Ватанро намедонанд.
Аз ин рӯ, ба ҷавонон такя намуда, ҳамин қадар илова менамоям, ки ба сафсатаҳои ин хоинони бистучорӣ асло таваҷҷҷуҳ накунанду як марготиба бо чашми дил ба пешрафтҳои кишвар бингаранд ва худ хулоса мебаранд, ки ин барномаҳои бистучориҳои бадкеш ва дигар душманони миллат дурӯғу сафсатае беш нест.
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон