Шанбегии умумӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамаи омӯзгорону кормандони донишкада ширкат намуданд. Ёдовар мешавем, ки шанбегии имрӯза ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаву пок намудани хиёбону атрофи донишкада баргузор карда шуд.

Дар донишкада имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома доранд ва бо супориши ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар саҳни бино ва гулгаштҳои марказии донишкада зиёда аз 3000 гулҳои ороишӣ ва хушбӯй шинонида шуданд.

Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада имрӯзҳо талош менамоянд, то бо дастовардҳои беназир ҷашни милии тоҷикон 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз бигиранд ва ҳамин аст, ки ҳамарӯза бо саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди илм аз худ дарак медиҳанд.

Дар шанбегии имрӯза аз факултетҳои корҳои кӯҳӣ, металлургия ва электромеханика омӯзгорон фаъолона ширкат намуданд.

М. Сайидзода