Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, душманони миллати тоҷик, хоинони ҳаромзодаи наҳзатӣ ба хотири фиреб додани ҷомеа ва гумроҳ намудани мардум, кӯшиш менамоянд, то худро дар ниқоби ватандӯсту ғамхор нишон дода, ҳамаро ба роҳи нодуруст бибаранду ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд.
Ҳамаи мо шаҳрвандони кишвар хуб медонем, ки имрӯз кишвари мо хеле хуб тараққӣ намуда, дар ҳама соҳаҳо пешравӣ дида мешаванду мардум хушҳоланд, аммо хоинони бадкеги миллат ҳамаи иннро нодида гирифта, баръакс мехоҳанд, ки бо нашри гузоришҳои бардурӯғ ва таҳқирҳои ҷомеа мардумро ба роҳи нодуруст баранд, ки ҳаргиз ҷомеаи Тоҷикистон ба сафсатаҳои онон бовар нахоҳад кард.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар ҳамаи хоинони миллати тоҷик, бадхоҳони кишвар лаънат мехонем!