РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОНРО ГУМ МАКУН

Сайёҳӣ  яке аз соҳаҳои сердаромад  ва фоидаовар ҳар як давлат буда ба рушди иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа таъсири бузург  мерасонад. Ривоҷи сайёҳӣ боиси ташкили  ҷойҳои нави корӣ ва афзудани даромади мардум ва ба ин васила  ба болоравии сатҳи зиндагӣ мусойидат менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Туркия, Испания, Италия, Франсия ва ғайра маҳз аз ҳисоби даромадҳои соҳаи сайёҳӣ буҷаи худро ғанӣ мегардонанд.

Маҳз бо назардошти  ҳамин омилҳо Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.  Дар як муддаати кӯтоҳ тибқи татбиқи Барномаи рушди соҳа дар ҷумҳурӣ  барои буду боши сайёҳони хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд. Дар давоми як сол шумораи сайёҳони хориҷие ки аз кишвари мо дидан карданд, нисбат ба солҳои гузагшта чандин маротиба афзуд. Зеро кишвари биҳиштосои мо бо манзараҳои нотакрораш , кӯӯҳҳои осмонбӯс, кӯлҳи зебо, обҳои мусаффо ва хоса бо меҳмонннавозӣ диққати тамоми сайёҳони хориҷиро ҷалб намудааст.

Сайёҳони борҳо таъкид намуданд, ки дар дунё танҳо дар Тоҷикистон сайҳонро чунин гарму дӯстона эҳтирому меҳмоннавозӣ менамоянд.

Воқеан ҳам, ин ҳақиқат аст, зеро расми меҳмоннавозӣ яке аз рисолатҳои қадимаи мардуми тоҷик буда таърихи қадима дорад.

Аз ин хотир мисраҳои хеле машҳури шоири бузурги тоҷик устод Мирзо Турсунзода:

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун

Хислати меҳмоннавозии халқи тоҷикро барои тамоми ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Мутаасифона, дар байни мардуми мо ашхоси хастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии нопоки худ урфу одати меҳмоннавозии миллатро зерипой карда аз ҳкҷ еуна ҷиноят руй намгардонанд. Барои он ки афроди хоин, миллатфурӯш, ифротгаро, расму суннатҳои таърихии миллати куҳанбунёдамон заррае ҳам қадр надорад. ин кӯрдилони бефарҳанги ифротгаро санаи 29.07.2018 сол дар ноҳияи Данғара ба гуруҳи сайёҳони  хориҷӣ номардона хоинона ҳуҷум оварда 4 нафарро ба қатл расонида якчанд нафарро захмӣ намуданд. Ин авбошон бо дастури ҲНИ ин амали гӯшношунидро анҷом доданд. Аммо дар таълимоти дини мубини ислом омадааст, ки “Мӯъмин бародари мӯъмин аст”, яъне бани одам новобаста аз миллат, нажод ба ҳам бародар ҳастанд. Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар мавзӯи инсондӯстӣ озор надодани инсон аз тарафи инсони дигар барҳақ фармудааст: Май бихӯр, мазҳаб бисӯз, оташ андар Каъба зан,

Соҳили бутхона бошу мардумозорӣ макун.

Бубинед Ҳофизи лисон ул ғайб таъкид менамояд ки куштан як тараф, ҳатто озор додани инсон гуноҳи азимест. Аммо ин авбошони тундгаро на аз ислом хабар доранду на аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ , вагарна ин худобехабарарон ба чунин амали зишту мудҳиш даст намезаданд ва боз ҳизби ифротии хдро ҳизби исломӣ номидаанд, дар ҳолате ки офаридгори олму одам ва слом ба ягон ҳизб ниёз надорад.

Ҳодисаи куштори сайёҳони хориҷӣ  бори дигар ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар гуна иғвою дасисаҳо ки душманони миллат тавассути расонаҳои хориҷӣ ва шабакаи интернет паҳн мекунанд, юовар накунем. Аз ҳама муҳимаш расми мешмоннавозии мардуми тоҷикро аз даст надиҳем, ҳифз намоемва дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳмгузор бошем.

 

М.Саъдулоева, проектори ДКМТ оид ба корҳои тарбия

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

4 + 18 =