Робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои судманди илмӣ-техникии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии олии касбии хориҷи кишвар давра бо давра густариш ёфтааст. Дар самти барқарор намудани ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани мутахассисон ва кормандони илмӣ-педагогӣ, мубодилаи донишҷӯён Донишкада бо 41 муассисаҳои олии касбии хориҷи дуру наздик «Шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг»-ро ба имзо расонидааст.
Бо дастгирӣ ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №10/5-1687 аз 27.09.2020с. дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Акитаи Япония, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2020 аз ҷониби ректори донишкада Шартнома байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон оид ба баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани мутахассисон ва кормандони илмӣ-педагогӣ, мубодилаи донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон, кормандонро имзо карда, фиристонида шуд. Хушбахтона санаи 12.03.2021 намояндаганои Донишгоҳи Акитаи Ҷопон шартномаро маъқул шуморида, ҷавобан имзо намуданд.