ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИРТИҶОӢ

Мардуми тоҷик дар атрофи Сарвари муаззами давлат муттаҳид гашта, барои  расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон  – Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 Пешвои бузурги  миллатамон   ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа мешуморанд. Ояндаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик дар дасти   онҳост.Ҷавонон бояд дар ободии Ватани маҳбубамон ҳиссагузор бошанд. Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии ишварро халалдор мекунанд.

Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро амалӣ мекунанд. Ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидайн ва аҳли байти хешро дар назди халқумиллат сархаму шарманда месозанд.

Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани бархе аз ҷавонон, алалхусус ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст. Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру қидаҳои дигарон нахоҳад шуд.

Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбинӣ ва даҳшатафканиро, маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат,волидайнвауламои дин гирифтаметавонад. Барои ин мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ тарбия намоем. Ва онҳоро тавре тарбия намоем, ки аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ намоянд. Терроризм дар асри ҷаҳонишавӣ аз насли бесаводу бефаросат ҳамчун бозичаи дастӣ истифода мебарад. Агар назар афканед, як одами бесаводу ҷоҳил на танҳо гузаштаро намедонад, балки ояндаро ҳам тасаввур карда наметавонад, танҳо бесаводона дастур иҷро мекунад.  Аз ин нуқтаи назар одами босавод ҳатман ватандӯст ва инсондӯст ҳам ҳаст. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрўз тамоми дунёро нобасомониҳо ва нооромиҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифтааст.

      Чангҳои шаҳрвандӣ дар Эрону Ироқ, Афғонистону Сурия дар асоси омилҳои мазҳабӣ сурат гирифта истодааст. Бинобар ин мо бояд аз ин нобасомониҳои рўйдодаистода худро бар канор гирем.

         Мо бояд ҷавононро дар рўҳияи ватандўстию ифтихори миллӣ тарбия намуда, пеши роҳи ҳурофотпарастӣ ва ғояҳои бегонаву ифротиро бигирем.Онҳо бояд ба қадри ҳаёти осоиштаи хеш бирасанд.

       Садҳо расонаҳои хабарии дунёи иттилоот мерасонанд, ки ниҳодҳои мазҳабии тундрав, аз ҷумла будоиён аз пайи нест кардани мусалмонон шудаанд. Албатта онҳое, ки афрўзандаи ин ҷангҳои мазҳабӣ ҳастанд, ягон ниҳоди нопок ё манфиатхоҳ доранд. Ва пайваста аз ин нобасомониҳо истифода бурда, ҷаҳони оромро ноором месозанд.

       Мо бояд барои ба гурўҳҳои ифротгарой шомил нашудани ҷавононро ҳамаҷиҳата чораандешӣ намуда, онҳоро дар рўҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем.Зеро ки қувваи пешбарандаи ҷомеаи мо ҷавонон мебошанд. Ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост. Мо ҷавононро тавре тарбия намоем, ки худогоҳу ватандўст ва ифтихори миллӣ дошта бошанд.

Ватани орому осоиштаи хешро аз ҳар хавфу хатари бегона муҳофизат карда тавонанд. Ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои ифротгарой шомил нагарданд. Иродаи қавӣ, дониши мустаҳкам ва одобу ахлоқи ҳамида дошта бошанд.

 

          Нурматова М.Р.           

Муаллими калони кафедраи забони давлатӣ ва забони хориҷӣ