ТЕРРОРИЗМ: ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА МЕХАНИЗМИ ПЕШГИРИИ ОН

Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризми байналмилалӣ мебошад. Истилоҳи террор аз вожаи лотини “terror” баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад. Дар байни муҳаққиқон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад. Онҳое, ки ҳамагуна куштори сиёсиро чун терроризм эътироф менамоянд, дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа марбут медонанд (У.Пакер). Гурӯҳи дигар терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд (И.Александер). Таърихнигори фаронсавӣ М. Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонад. Н. Неймарк бошад, пайдоиши ин зуҳуротро ба давраи пас аз ислоҳоти наполеонӣ вобаста медонад.

Дар замони муосир ин падида ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад. Бисёре аз таҳлилгарон онро бо исломи радикалӣ, фундаменталӣ мепайванданд, ки мақсади онҳоро барҳамдиҳии давлатҳо (ҳукуматҳо)-и дунявӣ ва исломие, ки ба андешаи онҳо бо ном исломианд, инчунин тамаддунҳои зеҳние, ки дар бунёди хилофати исломӣ монеъ мешаванд. Воқеан, хушунати экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самараноки кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равияҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад. Ҳар фарди кишвар, аз он ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти реаксионии динии экстремистӣ-террористӣ, ки бехатарии давлат ва низоми демократии онро халалдор менамоянд, хеле муҳим буда, роҳу воситаҳои худро дошта, имрӯзҳо ба яке аз самтҳои сиёсати давлатии мо табдил ёфтааст. Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватандориву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад.

н.и.и.,сармуаллим Облоқулов В.М.

ассистент Абдураҳмонова А.И.