ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: ТТЭ ҲНИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МОРО ХАЛАДОР МЕСОЗАД

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳаргиз намегузорад, ки ин душманони палиди миллат  дар симои пайравони ҳизби наҳзат ТТЭ ҲНИ   сулҳу ваҳдати моро халадор созанд.   Мо дар партави сиёсати  Пешвои миллат роҳ намедиҳем, ки душманони миллати мо боз ҳам мақсаду маромҳои сиёҳи худро амалӣ намоянд. Баргузор намудани ҳаргуна ҷаласаву ҷамъомадҳои душманони миллат танҳо кўшишест, ки  Тоҷикистонро дубора ба чанги ҷангу хунрезӣ бикашанд. Чун пешрафтҳои давлатро дида наметавонанд. Аммо мардуми тоҷик ба ин роҳ нахоҳад дод.  Муҳиддин Кабирӣ нафари хеле хатарнок ва душмани миллат аст, ки бо кўмаки давлатҳои ба Тоҷикистон душман  мехоҳад оромии кишварро халалдор созад. Истифода аз сомонаҳои иҷтимоӣ ҳамаи душманони мо аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд назари мардумро нисбат ба сиёсати имрўзаи ҳукумат дигар созанд. Аммо мардуми тоҷик, бояд дар назар гирад, ки ин туҳмату тавтеаҳои  душманони миллат ҳаргиз ба мо манфиат нахоҳад дошт.

Ба ин хотир аз ҳар паша фил сохтан ва муболиғаҳои бемаънии ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум менамоем.

 

Мансуров Б., мудири кафедраи экология, Саксанова Н., сармуаллимаи кафедраи экология  

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

12 − нуҳ =