ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Ду падидаи номатлуб терроризм ва экстремизм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ки ин дар алоҳидагӣ як хатар низ бар насли башар мебошад.

Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Аз ин рӯ, ҷавонони моро зарур аст, то бештар зиракии сиёсии худро ба кор баранд ва кӯшиш кунанд, то фирефтаи чунин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ  нагарданд, ҳаёти хуро зери хатар мегузоранд.

             Ҳаитова Ф.Ш.

ассистенти кафедраи МО ва И