Оғози “Ҳафтаи илм ва амал” дар донишкада

Имрӯз дар кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бахшида ба ҳадафи чоруми стратегӣ «Саноатикунонии босуръати кишвар» ва иҷроиши «Барномаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ» чорабиниҳои илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳафтаи илм ва амал» оғоз гардид. Дар оғози кушодашавии ҳафтаи мазкур ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат варзида дар   хониши сиёсӣ таҳти унвони «Пешвои миллат бо ҷавонон» низ суханронӣ намуданд.

 

 Ҷаласаи кушодашавиро мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ Осими Оқил дар кафедра оғоз намуда, ҷиҳати иҷроиши нақшаи чорабиниҳо ба устодони кафедра барору муваффақиятҳо таманно намуд. Дар давоми рӯз хониши сиёсӣ таҳти унвони «Пешвои миллат бо ҷавонон» дар иҷрои устоди кафедра Муслимзода Х. соати 11:00 ва семинари илмӣ методӣ таҳти унвони «Асрори муодилаҳои табиат» дар иҷрои н.и.техникӣ Султонов Ю. соати 14:00 ба нақша гирифта шудааст, ки давоми рӯз инъикос хоҳем кард.

Осими Оқил