Ба хотири ҳамгироии илм ба истеҳсолот омӯзгори донишкада Раҳимов Ҳаётқул бо муовини директори генералии ҶДММ КМ ” Зарафшон” Ашуров Абдуҳаким вохӯрӣ анҷом дод.
Ашуров Абдуҳаким қайд намуданд, ки мо ҳама вақт бо Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкории судманд доштем ва ин ҳамкориҳои худро давом хоҳем дод. Мақсади асосии мо тадбиқ намудани илм дар истеҳсолот мебошад ва дар ин замима пешниҳод намудем, ки муаммо ва мушкилоти корхонаатонро ба мо дархост намоед. Қайд намуданд, ки дар назди ҶДММ КМ “Зарафшон” корхонаи истеҳсоли металли мис сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин замима ба мо дархост намуданд, ки доир ба тоза намудани консентрати мис корҳои илмию тадқиқотии худро равона намоед. Ҳамзамон қайд намуданд, ки дар ҳамбастаги мо метавонем ин муамморо ҳал намоем. Инчунин таъкид намуданд, ки мо консентратро дар рӯзҳои наздик дастраси Шумо менамоем.