ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ НИСБАТ БА КОФЕ-БРЕЙКИ НАВБАТИИ КАБИРИ

Мо  аҳли устодону омӯзгорони кафедраи метуллургия  аз даъвати Мухиддин Кабири рахбари ҳизби мамнӯьшудаи наҳзати ислом ба конфронси ҳуқуқи инсон ба Варшава изҳори тааасуф менамоем. Хумори кофе-брейкхои конфронс Кабириро гирифтааст. Чунки ҳамаи харӌи сафар аз ҳисоби    хоӌаҳои зархаридаш мебошад.

Хуб, дар ин конфронс оё  дар такя ба далелҳо симои зишти ТЭТ ҲНИ фош мешуда бошад? Албатта дар вакти кофе брейк танаффуси чойнуши Кабири дуди ҳасрат мебарорад, ки “ҳуқукаш”  гуё поймол мешавад. Аммо  паси ҳодисаҳои нанговари ҳамла ба сайёҳон дастаи авбошони ТЭТ ҲНИ меистад, ки ин амалро пешакӣ тарҳрезӣ намудааст.. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ин ҳизби ба ном исломӣ аз рӯзи ташкил гардиданаш то ба имрӯз ба халқу ватани мо заррае бошад ҳам фоида наовардаанд, балки зарару зиён расонид, ки худро дар таърихи миллати мо ҳамчун ватанфурӯш нишон дод.Ҳодисаҳои иғвоангези  онҳо бори дигар ин маъниро таъкид мекунад. Мо, ҳайати устодони кафедраи мазкур ҳаминро таъкид медорем, ки хиёнаткорони миллату давлат бо мурури замон аз амалҳои нопокашон дар назди қонун ва халқ ҷавоб хоҳанд дод! Ин амали онҳоро маҳкум месозем.

 

Шамсиддинова М., мудири кафедра, Ашӯров М., дотсенти кафедраи металлургия

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

3 × ду =