85 ФОИЗИ ГИРИФОРОНИ КОРОНАВИРУС БА САБУКӢ АЗ ИН МАРИЗӢ РАҲО МЕЁБАНД

Ҳамон гуна, ки ҳамагон хуб медонем, имрӯзҳо коронавирус ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст ва ҳазорон мубталошудагон ба ин пандемияи КОВИД-2019 дар саросари ҷаҳон имрӯзҳо азият мекашанд. Зеро то ба имрӯз ягон роҳи табобати ин маризӣ вуҷуд надорад ва ҳамаи мубталошудагон бо роҳҳои гуногуни табобат рӯбарӯ мешаванд, ки на ҳар гирифторшуда аз коми марг наҷот меёбад.

Вале ягона роҳи халосӣ аз ин маризиро олимон ва табибон дар фосила гирифтан аз ҷомеа ва ҷамъияти пуранбӯҳ  меҳисобанд, ки имрӯзҳо ин таҷриба натиҷаи хуб додааст. Ҳоло ҳар нафаре, ки мехоҳад худро аз пандемияи КОВИД-2019 эмин нигоҳ дорад, бояд тавсияи табибонро ба таври шоиста риоя намояд ва аз гашту гузори бемаврид ва безарурат худдорӣ варзад. Зеро омили аслии интиқоли вирус ҳам маҳз ҷамъияти серодам маҳсуб меёбад, ки имрӯзҳо бар ин далел табибон аз ҳамаи сокинон талаб менамоянд, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва безарурат ба хиёбонҳо набароянд.

Ба наздикӣ суҳбати онлайнии хабарнигори телевизиони “Ҷаҳоннамо” бо табиби эрониасли амрикоӣ сурат гирифт, ки ин мутахассис дар ҳошияи суҳбати хеш қайд намуд, ки 85 фисади гирифторшудагон ба коронавирус ин маризиро сабук ва мисли зуком аз сар мегузаронанд, ки ин чиз бисёр ҳам хушҳолкунанда мебошад. Зеро дар сурати гирифторшудагон ба ин маризӣ мубталошудагонро зарур аст, ки бо табибон дар тамос шаванд ва вазъиятро фаҳмонанду дар ҳолати худмаҳдудкунӣ аз алоқа бо ақрабо ва атрофиён қарор гиранд ва ҳатман дар наздиктарин фурсат аз гирифторшавӣ шифо хоҳанд ёфт.

Аз ин лиҳоз аз ҳамаи сокинон ва ҳамватанони гиромӣ тақозо мешавад, ки ваҳму воҳима ва таҳлукаву тарс дода нашаванд, зеро имрӯзҳо роҳҳои сабуки табобати ин пандемия пайдо шудааст ва акнун замоне расидааст, ки аз мардум фосила бигиред ва муддате дар хонаҳои худ қарор гиред, то ҳам худро наҷот диҳед ва ҳам атрофиёнро.

Аз гуфтори ин пизишки муқими Амрико, ки дар шаҳри азими Амрико ва он ҳам аз ҳама шумораи гирифторшудагонаш ба коронавирус зиёд аст, қарор дорад ва аз таҷрибаи амалишуда гуфт, ки барои корбурд дар минтақа низ кӯмак мерасонад.

Зеро ҳоло дигар фурсате расидааст, ки аз одатҳои қадимӣ ва қабли каме даст кашем ва худро аз маконҳои серодам дар дурӣ нигоҳ дорем, то ба ин васила аз мубталошавӣ ба коронавирус ё КОВИД-2019 эмин монем. Ҳоло, ки роҳи пешгирӣ ва доруи табобатӣ ба таври куллӣ исбот нашудааст, ҳамаи моро зарур аст, ки аз тавсияи табибон ҷонибдорӣ намоем ва саломатии худро ҳифз кунем.

Н. Саидов

омӯзгори ДКМТ