Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.
Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва марказҳои нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипос менамояд.