Имрӯз бахшида ба 70-солагии омӯзгори фаъоли кафедраи геология ва корҳои нафту газ Ибрагимов Искандар дар кафедраи мазкур чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти Искандар Ибрагимов чанд нуктаро таъкид намуд. Сипас, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин суханронӣ намуда аз лаҳзаҳои ҳамкорӣ ва фаъолияти Ибрагимов Искандар ёдовар гардида, барои фаъолияти пурсамар ба ӯ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ, мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ олими ҷавон Мирбобоев Шӯҳратҷон, профессор Анвар Отаев, профессор Розиқов Зафар суханронт намуда, соҳибҷашнро табрику таҳният намуданд.
Баъдан ҳамкорону шогирдон суханронӣ намуда, аз лаҳзаҳои ҳамкорӣ ва дастовардҳои Искандар Ибрагимов ёдовар шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба Искандар Ибрагимов аз ҷониби раёсати донишкада тоқиву ҷома тақдим карда шуд.