5 НАФАР АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ, КИ ПИНҲОН ДОШТА МЕШАВАД ДАР ОЛМОН ДАСТГИР ШУДАНД

Инсоният ҳамеша аз пушти нафс худро ба ҳар роҳ мезанад ва оқибат гумроҳ мешавад. Гумроҳӣ низ омилҳо ва сабабҳои худро дорад. Аммо он нафароне, ки имрӯзҳо дар сафи созмонҳои террористӣ дониста қарор доранду бар зарари башарият кор мекунанд ва боз худро мусалмон меҳисобанду дигаронро бадном кард, онҳоро нашояд гумроҳ гуфтан. Онҳо террорист ҳастанд. Мисле, ки имрӯз дигар сафи созмонҳои террористӣ ҳам афзуд ва ҳар як кунҷи дунё як созмони террористӣ-ифротӣ дорад. Мисле, ки ТТЭ ҲНИ пас аз чандин соли паси парда ва зери ниқоб амал карданаш оқибат террористӣ будани худро исбот кард ва фаъолияташро дар қаламрави кишвар хотима бахшид.

Аммо, дар кишварҳои Аврупо аъзоёнашро ҷой намуда, бо сармоягузории хоҷагони хориҷияш ва ҳамзамон созмонҳои террористии ҳамкораш ба амалҳои террористӣ даст мезанад ва кӯшиш менамяод, ки зарару зиёни худро бар башарият расонад.

Ба наздики расонаҳо аз қавли мақомоти Олмон навиштанд, ки дар шаҳри Рейни Шимолӣ-Вестфалия панҷ нафар аъзоёни ТТЭ ҲНИ бар асари нақша кашидани амалҳои террористӣ дастгир шуданд, ки ҳоло дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Тавре дертар маълум шуд ин панҷ нафар аъзоёни ТТЭ ҲНИ будаанд, ки бо роҳнамоии Кабирии малъун ва роҳбари террористи ТТЭ ҲНИ ба Сурия ба сафи созмони террористии ДОИШ пайваста будаанд.

Аммо тавре, ки мегӯянд, мушк худ бибӯяд на аттор бигӯяд. Ҳарчанд борҳо ёдрас намудем, ки ТТЭ ҲНИ як созмони террористӣ асту аъзоёнаш ҳамагӣ аз мактаби террористӣ гузашта, касеро он қадар нигарон накард. Махсусан давлатҳои Аврупоро, ки гуфтем, замоне ин наҳзатиёни бо амалҳои террористии худ нишон хоҳанд дод, ки онҳо кистанд, аммо имрӯз он фурсат расид ва акнун аврупоиён аз ин амалкарди худ ангушти ҳайрат хоҳанд газид.

Зеро наҳзатиёни носипос ва кӯрнамак бар замми дар Аврупо қарор доштанашон боз дар он ҷо амалҳои террористӣ содир менамоянд, ки ин бисёр ҳам хиёнати вазнин ва нобахшиданист. Пас ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки акнун аврпуоиён бо ҷмъе аз террористони наҳзатӣ чӣ кор мекунанд?

Оё дигар фурсате расидааст, ки ин наҳзатиёни малъунро аз қаламрави Аврупо бадарға намоянд?!

Сад дар сад бовар дорам, ки ин наҳзатиёни палид ва кӯрнамаку носипос, ки бар Ватану миллати худ хиёнат карданд бар Аврупо низ раҳм нахоҳанд кард ва ҳатман дар муддати кӯтоҳе кишварҳои Аврупоро зери ҳамлаҳои террористии худ қарор хоҳанд дод.

М. Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ