Номаи тарбрикии ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамкорони арҷманд!
Омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Боиси хушнудист, ки мо, имсол 30- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем ва ин санаи ҳумоюни барои миллати тоҷик хеле арзишманд аст. Ҳоло фурсате расидааст, ки аз 30- соли муваффақияту музаффарият ва дастоварду бурдҳо бигӯем. Мусаллам аст, ки дигар лаҳзаҳои мушкил паси сар шудаасту фурсати иқбол ва бахти нек расидааст. Албатта, дар бақои истиқлолият ва воҳидияти Ватани азизамон Тоҷикистони азиз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст ва маҳз талошҳои пайвастаи Сарвари хирадмандамон Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати комили мустақил ва устувор муаррифӣ намуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва аз он рӯз то ба ҳол донишкада барои омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкориву металлургия ва электроэнергия саҳми бузурги худро гузоштааст. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад ва бо баракати истиқлолият ва осоиштагиву осудагӣ имрӯз донишкада бо зиёда аз 52 муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказиву Россия ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имсол дар арафаи ҷашни ҳумоюнӣ- 30- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-солагии донишкада таҷлил карда шуд.
Имрӯз дар донишкада зиёда аз 30 озмоишгоҳи соҳавӣ, 4 факултет бо 35 ихтисос, 16 кафедраи тахассусӣ, ки 10-тои он дар корхонаву ширкатҳои бузурги истеҳсолӣ филиалҳои худро доранд, амал менамояд, ки ҳамаи барои донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Ҳоло Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 90 корхонаҳои хурду бузург шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки ин барои пайдо намудани ҷойҳои корӣ ба хатмкунандагон мусоидат менамояд.
Аз замони таъсис то ба имрӯз дар донишкада зиёда аз 150 монографияву асарҳои илмӣ ба нашр расонида шудааст, зиёда аз 53 патент барои истеҳсолот омӯзгорони донишкада ба даст овардаанд, ки ин дастоварди бузург маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ барои мо муяссар гардидааст.
Парки технологии донишкада барои ҳамгироии илм ба истеҳсолот ва татбиқи назария ба амалия имсол аз маҳсулоти ватанӣ чандин навъҳои сангҳои қимматбаҳо, ороишот, моеъи травертин ва дигар сафолаку маводи зарур барои ҷомеа истеҳсол намуд, ки акнун ҳамватанон метавонанд аз ин дастоварди олимони ватанӣ фаровон истифода намоянд.
Албатта, бояд инро ҳам дар ин лаҳзаҳо ба Шумо иттилоъ диҳем, ки имсол бинои асосии донишкада ва хобгоҳи рақами №3 пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд, ки ин идомаи иқдомҳои мо-ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ба ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба ҳамаи Шумо дар ин лаҳзаҳои нек ва пур аз саодату фараҳ ҷашни бузурги миллӣ, 30-юмин солагрди истиқлолиятро табрику таҳният гуфта бароятон саодатмандиву сарбаландӣ ва хонаи ободу пур аз нишотро таманно менамоям.
Ҷашни бузурги миллӣ, иди нишоту саодат муборак бошад!
Бо эҳтиром ва самимияти беандоза ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ