Ҳамасола якшанбеи охири моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи ангишт таҷлил карда мешавад. Имсол ин сана ба 30 август рост меояд. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон САИДРАҲМОНЗОДА суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: — Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ соҳаи саноати ангишт рушд меёбад. Мегуфтед, ки дар 29 соли Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои соҳа чӣ қадар ангишт истихроҷ карданд?
Саидҷон Саидраҳмонзода: — Соҳаи ангишт яке аз муҳимтарин сохтори комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва саноати кӯҳкории ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, тавассути омӯзиши ҳамаҷонибаи конҳо, зиёд намудани ҳаҷми истихроҷи ангишт ва таъмини сармоягузории кофӣ соҳаи мазкур метавонад ояндаи наздик дар раванди соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат саҳми ҳалкунанда дошта бошад.
Дар 29 соли Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 12 млн. тонна ангишт истихроҷ карда шуда, дар натиҷаи амалигардонии иқдомҳои пешгирифта дар самти ташкили иқтидорҳои нав ва афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар ин соҳа истихроҷи ангишт аз 309 ҳазор тоннаи соли 1991 ба 2 млн 28 ҳазор тонна дар соли 2019 расонида шуд, ки ин нишондиҳанда дастоварди баландтарин дар давраи истиқлолият ва таърихи саноати ангишти мамлакат мебошад.
АМИТ «Ховар»: — Дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ чанд кон ва зуҳуроти ангишт кашф шудаанд ва чӣ қадари онҳо барои истихроҷу коркард омода мебошанд?
Саидҷон Саидраҳмонзода: — Мувофиқи маълумоти геологӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 36 кон ва зуҳуроти ангишт кашф гардидаанд, ки захираи умумии онҳо беш аз 4,3 млрд. тонна ҳисоб карда шудааст. Аз ин миқдор 331,4 млн. тонна захираҳои тасдиқшудаи саноатӣ барои истихроҷу коркард омода мебошанд.
Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба миқдори 600-700 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуда, талаботи солонаи он дар бозори дохилӣ 1,5 млн. тоннаро ташкил медод.
Корхонаи калонтарини соҳа ҶСК «Ангишт», қаблан Шахтаи №8 дар шаҳраки Шӯроб, бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тонна аз соли 1939 ба фаъолият оғоз намуда, соли 1979 зиёда аз 950 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намудааст. Дар ин давра шумораи коргарон 3500 нафар, дарозии нақбҳо ва иншооти фаъолияткунандаи зеризаминӣ дар корхона 32 км-ро ташкил медод.
КФ «Шахтаи Фон-Яғноб» соли 1983 бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт дар қитъаи «Карйерний»- и кони ангишти «Фон-Яғноб» бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тоннна истихроҷи ангишт ба фаъолият оғоз намудааст.
Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ соҳаи истихроҷи ангишт низ дар қатори дигар соҳаҳо таназзул ёфта, фаъолияти конҳои асосии мамлакат- «Шӯроб» ва «Фон-Яғноб» бо сабаби дастрас нагардидани маблағҳо ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ ба мушкилиҳо дучор гардиданд. Дар натиҷа истихроҷи солонаи ангишт дар ҷумҳурӣ соли 1997 то ба 14 ҳазор тонна коҳиш ёфт.
АМИТ «Ховар»: — Баҳри пешгирии пастравии истеҳсолот дар соҳа чӣ тадбирҳо андешида шуданд?
Саидҷон Саидраҳмонзода: — Дар даврони истиқлолият бо дастуру таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳуории Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи пастравии истеҳсолот дар соҳа гирифта шуд. Аз соли 2007 то соли 2014 дар ҷумҳурӣ 18 корхона, аз ҷумла 6 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи ғайридавлатӣ дар 11 кони ангишт (дар 3 кон бо тарзи зеризаминӣ ва дар 15 кон бо тарзи кушода) ба истихроҷи ангишт оғоз намуданд.
Дар ин раванд дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамият доштани соҳаи саноат ба назар гирифта шуда, саноатикунонии босуръати мамлакат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид.
Соҳаи саноати ангишт яке аз самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат ҳисобида шуда, истифодаи самараноки захираҳои фаровони он метавонад дар як муҳлати кӯтоҳ барои пешрафти соҳаи саноати ҷумҳурӣ нақши сазовор гузорад.
АМИТ «Ховар»: Бо мақсади амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ангиштканони ҷумҳурӣ соли равон чӣ қадар ангишт истихроҷ мекунанд?
Саидҷон Саидраҳмонзода: — Ангиштканони мамлакат тасмим гирифтанд, ки бо мақсади амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ нақшаҳои истеҳсолии тасдиқгардидаро барзиёд иҷро намуда, истихроҷи ангиштро соли равон то ба 2,2 млн тонна ва то соли 2040 ба 15 миллион тонна расонанд.
Мавҷудияти захираҳо ва навъҳои гуногуни ангишт на танҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истихроҷу коркарди саноатии он, балки ба истеҳсоли маводи технологӣ, кимиёвӣ ва сӯзишворӣ имкониятҳои муфид ба миён меорад. Истифодаи самараноки ангишт ва дар ин асос рушди саноати кимиё ва металлургия дар оянда метавонад манбаи асосии ноилшавӣ ба ҳадафҳои иқтисодии мамлакат дар самти афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардад.
Ангишт дар мадди аввал бо шарофати арзиши энергетикӣ доштанаш яке аз захираҳои муҳими табиӣ ба шумор рафта, захираҳои омӯхташудаи он дар бисёр давлатҳо нисбат ба захираҳои манбаъҳои дигари энергияи сӯзишворӣ хеле зиёданд. Бозори ҷаҳонии ангишт нисбат ба нафт ва газ рақобати зиёд дорад, зеро конҳои ангишт дар тамоми қитъаҳои олам мавҷуд буда, дар ҳамаи минтақаҳои гуногуни ҷаҳон истихроҷ мегарданд.
Пайваста афзоиш ёфтани эҳтиёҷоти соҳаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ба ангишт ҳамчун манбаи асосии тавлиди энергия, зарурати ба роҳ мондани раванди истеҳсоли маҳсулоти мазкурро бо риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаҳо ва тартиботи соҳавии технологияи истихроҷу коркард, бо истифода аз техникаю технологияҳои муосир ва ҷалби мутахассисони соҳавӣ тақозо намуд.
АМИТ «Ховар»: — Дар як шабонарӯз чӣ қадар ангишт истихроҷ карда мешавад ва аз аввали сол то имрӯз ин нишондод чӣ миқдорро ташкил дод?
Саидҷон Саидраҳмонзода: — Истихроҷи ангишт дар ҳафт моҳи соли равон аз ҷониби 8 корхона дар 6 кон ба роҳ монда шуда, ҳаҷми он ба 969,3 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 32,3 ҳазор тонна (103,5%) ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 10,1 ҳазор тонна (101,1%) барзиёд таъмин карда шуд.
Истихроҷи ангишт аз аввали сол то 25 августи соли равон ба 1 млн 164 ҳазор тонна расонида шуда, ҳар шабонарӯз аз 8 то 11 ҳазор тонна истихроҷ мегардад.
АМИТ «Ховар»: — Дар корхонаҳои бахши давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин бо тарзи кушод ва зеризаминӣ ҳиссаи истихроҷи ангишт мутаносибан чанд фоизро ташкил медиҳад?
Саидҷон Саидраҳмонзода: — Дар ноил шудан дастовардҳо саҳми корхонаҳои дар конҳои ангишти «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» фаъолияткунанда назаррас мебошад.
Ҳиссаи истихроҷи ангишт дар корхонаҳои бахши давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 59,6 фоиз ва бахши ғайридавлатӣ 40,4 фоиз, инчунин бо тарзи кушод 93,0 фоиз ва зеризаминӣ 7,0 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра харидории ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида 1177 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки асосан ангишт барои зиёд намудани истеҳсоли барқ ва бо гармӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе ба Маркази барқу гармидиҳӣ интиқол дода мешавад.
АМИТ «Ховар»: — Тавре ҳамагон хабар дорем, имсол бинобар сабаби кам шудани об дар обанбори НБО «Норак» эҳтимол дар баъзе минтақаҳо маҳдудияти барқ ҷорӣ карда шавад. Дар ин сурат талабот ба ангишт зиёд мегардад. Соҳаи саноати ангишт барои давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода чӣ тадбирҳо андешида истодааст?
Саидҷон Саидраҳмонзода: — Соли равон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва барои таъмини Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 интиқоли 1 млн 300 ҳазор тонна (1300000 тонна) ангишт пешбинӣ гардидааст. То 25 август мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида ба МБГ Душанбе-2 зиёда аз 681,6 ҳазор тонна ангишт интиқол дода шудааст. Дар ин самт корҳо идома дошта, дар муҳлати муайяншуда тибқи нақша миқдори пешбинишуда интиқол дода мешавад.
Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ дар ҳафт моҳи соли равон ба 4,0 млн м3, корҳои нақбканӣ ва омодасозӣ ба 4105 м/ тӯлонӣ ва корҳои таъмиру барқароркунӣ ба 2300 м/ тӯлонӣ расонида шудааст.
Вобаста ба истихроҷ, истифода ва дурнамои фаъолияти корхонаҳои соҳаи ангишт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки яке аз принсипҳои асосии он саноатикунонӣ мебошад, «Стратегияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро моҳи августи соли 2019 тасдиқ намуд. Дар ин замина Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди саноати ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» –ро таҳия намуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки амалишавии он ба рушди соҳа мусоидат хоҳад намуд
Яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳаи истихроҷи ангишт — ин заминагузории таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт тариқи такмили тарзи кушоди истихроҷ чун усули самарабахши иқтисодӣ ва заминагузорӣ барои коркарди зеризаминии конҳо, инчунин коркарду бойгардонии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мебошад. Дар марҳилаҳои амалишавии ҳадафҳои гузошташуда ба масъалаи коркарди зеризаминии конҳо таваҷҷуҳи махсус дода шуда, ба ин мақсад ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ зарур дониста мешавад.
Новобаста аз мушкилоти молиявӣ ва истеҳсолӣ, ҳамзамон таъсири ҷиддии пандемияи бемории сироятии COVID-19 ҷиҳати ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт аз ҷониби КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб», ҶДММ «Дион ангишти Тоҷикистон» ва Департаменти истихроҷи ангишти ҶСП «Комбинати металлургии Тоҷик» чораҳои дахлдор андешида шуда, дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 12,0 млн сомонӣ 13 адад техникаву таҷҳизоти нави кӯҳкорӣ харидорӣ карданд.
Имрӯзҳо кормандони соҳаи саноати ангишт кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо меҳнати софдилонаю хизматҳои шоён тавассути баланд бардоштани самаранокии меҳнат дар истеҳсолот, бо нишондиҳандаҳои назаррас ва дастовардҳои беназир иди касбии худро ҷашн гиранд.
Манбаъ: khovar.tj