Вохӯрии муовини раиси комиссияи ҷамъиятии муқовимат бо коррупсияи МИҲД-и вилояти Суғд Ғаффорӣ Н. бо омӯзгорону донишҷӯён

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони донишкада вохӯрии муовини раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба муқовимат бо коррупсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ  бо омӯзгорону  донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, меҳмонро муаррифӣ намуд. Сипас, муҳтарам Назира Ғаффорӣ оид ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ ва ҳамзамон мубориза бо ришваситонӣ суханронӣ намуда, амалҳои коррупсиониро амалҳои номатлуб ва зиёновар бар рушди ҷомеа арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, оид ба нақша-чорабиниҳо ва гузаронидани вохӯриву чорабиниҳо баҳри мубориза бо амалҳои коррупсионӣ дастуру тавсияҳо дода, аз ҳозирин дархост ба амал овард, ки нисбати ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа бетараф набошанд.

Ёдовар бояд шуд, ки пас аз мулоқот дар маҷлисгоҳи донишкада  дар толори Шӯрои олимон мулоқоти Назира Ғаффорӣ бо аъзоёни раёсат баргузор гардид ва эшон як қатор камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба  муқомимат бо коррупсияро дар донишкада, манзури ҳозирин гардонида, тавсияву машваратҳои хешро баҳри ислоҳи камбудҳо дареғ надошт.

Дар ҷаласаи мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар омӯзгорону муовинон ба муовини муовини раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба муқовимат бо коррупсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ҷиҳати ташриф ва суханронии пурмӯҳтаво изҳори миннатдорӣ намуданд.