2019- СОЛЕ, КИ ПАРДА АЗ ЧЕҲРАИ МАНФУРИ НАҲЗАТИЁНИ ТЕРРОРИСТ БАРДОШТА ШУД

Соле, ки гузашт соли бисёр ҳам ҳалкунанда ва ошкорбаёниву воқеънигорӣ буд. Дар соли гузашта, миллат тавонист, ки аз воқеиятҳо, ҳақиқатҳои ногуфта ва асрори баъзе ташкилотҳову гурӯҳҳо огоҳ гардад. Аз ҷумла, соли сипаригардида барои Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам ҳамин гуна, як соли шармандагиву ошкоршавии асрорҳояш буд.

Дар соле, ки гузашт дар маъракаи муҳими таърихӣ дар нишасти САҲА дар Варшава аъзоён ва чанд тан аз афроди ноогоҳ ва тасодуфӣ ҳамчун намояндаи ТТЭ ҲНИ ва мухилифин ширкат варзиданд ва чанд туҳмату буҳтонро ба ҷониби Ҳукумати кишвар заданд, аммо аз ҷониби коршиносон нодуруст будани суханони наҳзатиёни лаин ва дурӯғу бофта будани далелҳояшон исбот шуд ва ҳамин буд, ки ин наҳзатиёни палид дар ин ҷо шарманда шудаанд. Албатта, ин ҷо истифодаи калимаи мухолифин ғалат аст, зеро ин наҳзатиёни на мухолиф ҳастанду на ягон асос барои мухолиф будан доранд.

Ин наҳзатиёни палид, ин фақат дар нақши мухолиф баромад намуда, фармони хоҷагони хориҷияшонро доир ба паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ иҷро мекунанд ва аз ин ҳисоб маблағ ба даст меоранд, ки дар ин маврид ҳам чандин маводи таҳқиқотӣ ба нашр расид.

Ва ҳамин ҷо ҳам ошкор гардид, ки чандин миллионҳо доллар аз ҷониби хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ба суратҳисоби роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии палиду разил гузаронида шудааст, то бар зидди миллати тоҷик корбарӣ кунад ва ғояҳои террористӣ-экстремистиро миёни ҷомеа тарғиб кунад.

Пас аз ҳамин худ хулоса намоед, ки ин тоифаи бадкешу разил ва авбошу ҳаромзода чӣ тавр худро ҳамчун мухолифин муаррифӣ мекунанд?

Яъне мухолиф будан ин танҳо ниқоб аст барои наҳзатиёни палид ва ибораи мухолифин ҳамчун василаи гумроҳсозии миллат истифода мешавад, то хоинони наҳзатӣ тавонанд мардумро бештар гумроҳ созанд.

Соли 2019 аз ҳамин ҷиҳат хуб буд, ки дар ин сол ҳамин сохта будани наҳзатиёни палид ва зери ниқоб гашатанашон ошкор шуд. Яъне дар чанд мақолаи таҳлилӣ олимон ва дигар рӯзноманигорон исбот намуданд, ки аъзони ТТЭ ҲНИ душмани аслии миллати тоҷик ҳастанд ва зери ниқоб мегарданду дар хизмати хоҷагони хориҷияшон ҳастанд.

Ин масъаларо ҳатто дар чандин ҷойҳои дигар ҳам мо шоҳид будем, ки  чӣ тавр наҳзатиёни палид бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранду аз хоҷагони хориҷияшон бар ивази ин маблағ ситонид.

 Ва ҳамаи ин ва боз чанд амали нодурусту душманонаи наҳзатиёни палид ошкор карда шуд, аниқтараш парда аз чеҳраи манфури наҳзатиёни лаин бардошта шуд.

Аз ин рӯ, соле ки гузашт, соли шармандагии наҳзатиёни палид ва хоҷагони хориҷияш гуфтан мумкин аст. Зеро дар ин сол ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҳақиқати ТТЭ ҲНИ, аз зери ниқоб гардиданаш, аз хизматгорияш ба хоҷагони хориҷияш огоҳ гардиданд ва чеҳраи манфури ин авбошҳои наҳзатиро шинохтанд.

Яъне соле буд, ки наҳзатиёни палидро шармандаи рӯйи олам сохт ва ин албатта охири кор нест ва умедворем, ки пас аз ҳамаи ин соли 2020 СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳукми ба таври комил несту нобуд сохтани ТТЭ ҲНИ ва ба таври якумрӣ маҳкум намудани аъзоён ва ё худ террористони наҳзатиро мебарорад.

Олимов А.А

мудири кафедраи геология

 ва корҳои нафту газ