Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввал Насриддинов Замониддин ва декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули дар имтиҳони давлатии кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерии факултети корҳои кӯҳӣ ширкат намуда, аз ҷараёни супоридани имтиҳонҳо огоҳ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки имтиҳони давлатиро имрӯз 16 хатмкунандагони ихтисосҳои 510201-корҳои маркшейдерӣ ва 700201-06-сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо супориданд, ки раиси КАД Расулов Худойбердӣ Эсанбоевич буд.
Кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ яке аз кафедраҳои фаъол дар донишкада буда, мудирии онро олими ҷавон Юсупов Саидакрамхоҷа бар зимма дорад ва барои тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзанда мегузарад.
Шуъбаи иттилоот