Имрӯз, муовини директори ширкати ҶДММ “ТВЕА – Душанбе саноати кӯҳӣ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тсу Дио Чан барои мушшахас баррасӣ намудани дархости №ТВЕА(РТ-07) аз 05.04.23с. дар хусуси бо ҷои корӣ таъмин намудани 346 хатмкунанда бо роҳбарияти Донишкада вохӯрӣ анҷом дод.
Муовини директори ин корхона ҷаноби Тсу Дио Чанро муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин ба ҳузур пазируфта, масъалаҳои кориро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои зерин амалӣ карда шаванд:
1) Намунаи геологии сангҳо, маҳакҳо ва кирнҳо, ки аз конҳои тиллои дар ихтиёри корхона буда, ки ҳангоми корҳои иктишофӣ ба даст омадаанд, ба ихтиёри муҳақиқин ва донишҷӯёни донишкада супорида мешаванд;
2) Ҳисоботҳои геологии корҳои иктишофию ҷустуҷӯии конҳои тиллои дар ихтиёри корхона буда, ба ихтиёри муҳаққиқин ва донишҷӯёни донишкада вогузор карда мешавад;
3) Ба озмоишгоҳҳои соҳавии донишкада таҷҳизоти озмоишии хоси раванди кории корхона супорида мешавад;
4) Ба кори конфронсҳо ва илмии донишкада таҳти сарпарастии корхона – олимони Чин даъват карда мешаванд;
5) Ҳамаи донишҷӯёни бахши сеюм, ки дар таҷрибаомӯзӣ дар корхона иштирок мекунанд бо се вақт хӯрок, ҷои хоб, идрорпулӣ(1 ҳазор сомонӣ-моҳона) ва пас аз хатм ба ҷои кор таъмин карда мешаванд.
6) Кормандони корхона бо омӯзгорони донишкада китоби коркарди кон ва истихроҷу истеҳсоли тиллоро бо такя аз технологияи дар корхона татбиқшаванда, рӯи чоп хоҳанд овард.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориҳояшро зичтар ба роҳ монда, баҳри пешрафти кор аз таҷрибаи олимони донишкада истифода менамояд, ки барои пешрафти соҳа хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар мулоқоти имрӯза ҳамчунин, директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфусий дар назди донишкада Валиева Мастурахон, директори ДК Жен Гентян, сардори маркази бақайдгирӣ ва тестӣ Давлатов Давлатмаҳмад ширкат намуданд.