Тибқи нақша чорабинии донишкада, имрӯз дар факултети Иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ бо роҳбарии омӯзгорӣ кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ, Қутбиддинова Б.О. бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки декани факултети Иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ Саидов М.К., мутахассиси Раёсати илм Бобоева П., ва омӯзгорону донишҷӯён семинари илмӣ баргузор гардид.
Семинари илмиро нахуст омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Қутбидинова Рафоат Отабековна ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба моҳият ва нақши он дар таърихи давлатдории тоҷикон ва ҳамчунин арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Дар рафти маърӯза илова намуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад. Худи Парчам барои миллат эътибору шараф ба барои Ватан нишони муқаддас аст. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад.
Дар маърӯзаи навбатӣ донишҷӯи бахши 3 ихтисоси 270101-09 Сафарзода С. таҳти роҳбарии омӯзгор Қутбидинова Р.О. дар мавзӯи “Ҷавонон-Пайравони Пешвои Миллат” баромад намуда иброз дошт, ки мо ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории ватани биҳиштосоямон- Тоҷикистони муосир мемонем.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ сармуаллимаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Холова Ф. баромад намуда, қайд карданд, ки аз файзи истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчами миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттифоқу сарҷамъӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардуми мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Дар интиҳо декани факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ н.и.и Саидов Мустафохон баромад намуда, иброз доштанд, ки мо бояд ҳамеша саъю талош намоем, ки Парчами миллии мо ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.