Санаи 10.11.2021 аз соати 9.00 то 9.50 дар озмоишгоҳи №143 дарси кушоди омӯзгор Абдилламидов Н. барои донишҷӯёни бахши 4 ихтисоси 430103-01р дар мавзӯи “Трансформаторҳои ченкунии ҷараён” баргузор гардид. Дар дарси кушод якчанд нафар аз муаллимони ҷавони кафедра низ ҳузур доштанд.
Баъд аз қайди дафтари гӯрӯҳ ва эълони мавзӯи дарс омӯзгор ба гузаронидани дарси амалӣ шуруъ намуданд.
—Трансформаторҳои ҷараён барои изолятсия намудан аз занҷири шиддати баланд ва маротибаи муайяни стандартӣ кам намудани ҷараёни занҷири қуввагии аввалӣ хизмат мукунанд. Он аз магнитгузари шакли росткунҷа бо сӯрохи калони дохилӣ, ки аз маркази он тасмасими занҷири аввалӣ бо риояи фосилаи баробар аз магнитгузар гузаронида шудааст, иборат мебошад. Дар магнитгузар бо изолятсия ғалтаки дуюми ТҶ печонида шуда, ҳамаи холигиҳо бо маводи оиқӣ рехтагарӣ карда мешавад.
Нӯгҳои ғалтаки якӯм ва ғалтаки дуйӯм ба берун бароварда шудаанд. Ғалтаки якӯм, ки аксаран аз як печак иборат мебошад, ба занҷири қуввагии шиддати баланд пай дар пай пайваст карда мешаванд. Ғалтаки дуюм ба занҷирҳои ченкунӣ ё ин ки ҳимояи релегӣ пайваст карда мешавад. Бинобар ин зариби ТҶ-ро шумораи печакҳои ғалтаки дуюм муайян мекунанд.
Трансформатори ҷараён бояд дар реҷаи расиши кӯтоҳ кор кунад, ба реҷаи гашти холӣ роҳ дода намешавад, чунки дар ин ҳолат дар ғалтаки дуюм шиддати хеле зиёди хатарнок ҳосил мешавад. Масалан, дар ТҶ-и 100/5 намуди ТПОЛ-10 изолятсияаш барои шиддати 10 кВ ҳисоб карда шуда, зарибаш 100/5=20 маротиба мебошад. Дар занҷири дуйӯмӣ ҷараёни 20 маротиба кам аз ҷараёни занҷири аввалӣ мегузарад. Инро бо тарзи математикӣ ин тавр ифода намудан мумкин аст:
*= * ё ин ки =
Монанди ҳамаи асбобҳои ченкунӣ ТҶ низ саҳви худро дорад. Саҳви ТҶ аз талафот дар ҳалқаи гистерезис ҳангоми дар ҳар даври ҷараёни тағйирёбанда 2 бор тағйир дода шудани қутбияти магнитнокшавии магнитгузар, инчунин бо талафот дар муқовимати активии ғалтаки дуйӯм ба амал меояд. Барои ҷӯброни ин талафот, ки бо камтар шудани ҷараёни дуйӯмӣ зоҳир мешавад, шумораи печакҳои он каме зиёдтар гирифта мешаванд, масалан барои ТҶ-и 100/5 ба ҷои 20 печак 22 печак гирифта шудааст, ки талафоти ТҶ-ро дар реҷаҳои номиналӣ ва пурборӣ ҷӯброн менамояд.
Саҳви трансформаторҳои ҷараён барои мақсадҳои ченкунӣ дар ҳудуди ҷараёнҳои аз 0,25 то 1,25 номиналӣ набояд аз 0,5% зиёд бошад. Барои ҳимояи релегӣ бошад саҳви то 3% роҳ дода мешавад. Аксари ТҶ-ҳо аз ду магнитгузарон бо ду ғалтаки дуйӯмӣ, ки аз дохили онҳо як тасмаи ҷараёнгузар гузаронида шудааст, иборат мебошанд. Яке аз онҳо магнитгузари нисбатан бориктар дошта ба синфи саҳвияти то 0,5% мансуб аст ва барои занҷирҳои ченкунӣ ва ҳисоби сарфи нерӯи барқ таъин шудааст. Дуюмаш бошад, магнитгузари нисбатан ғафстар дошта, иқтидораш ҳам бештар мебошад ва барои пайваст намудан ба занҷирҳои ҳимоя пешбинӣ шудааст.
Ғалтаки барои барои ченкунӣ таъиншуда бо ҳарфи «И» (Измерительный), барои ҳимояи релегӣ бошад, бо ҳарфи «Р» (релейный) ишора карда мешавад.
Саршавии ғалтаки якуми ТҶ бо Л1, охираш Л2, саршавии ғалтаки дуйӯми ТҶ бо И1 ва охираш бо И2 ишора карда мешаванд.
Дар ТҶ одатан ду ва аз ин зиёдмагнитгузар бо як ғалтаки умумии аввалӣ пешбиникарда мешавад. Барои ҳамин ТҶ одатан якчанд манбаи ҷараёни бе алоқаи галванӣ байни ҳамдигар буда, зариби якхелаи табдилӣ доранд ва дар ҳолати умумӣ характеристикаҳои фарқкунанда доранд. Барои ҳимояи релегӣ магнитгузарҳо бо пӯлоди бурриши кундалангиаш калон истифода мешаванд, то ки саҳви ТҶ ҳангоми каратнокии калони ҷараёни РК аз ҳудуди қабулшуда (синфи Р) набарояд. Магнитгузарҳои синфи Р на фақат ба узви ченкунии ҳимоя УЧ, балки дар схемаҳои ҳимояи релегӣ барои таъмини занҷирҳои амалиётӣ бо ҷараёни тағйирёбанда ва росткардашуда низ истифода шуда метавонанд.
Дар охир устод ба саволҳои донишҷуён оиди соҳаи истифодабарии трансформаторҳои ҷараён, нақшаҳои пайвасти онҳо, осебҳо ва нуқси трансформаторҳои ҷараён, тарзи ошкор намудани носозии онҳо ҷавобҳои қаноатбахш доданд.