Имрӯз, бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи калони донишкада чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар муовионону роҳбарони сохторҳо ширкат варзиданд.
Нахуст ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ басо бориз арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, дар суханронии хеш ректори донишкада аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва давлатӣ содиқ бошанд ва қарзи шаҳрвандии хешро иҷро намоянд.
Сипас, раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад низ суханронӣ намуда, барои хизматҳои шоён ва созандагиву ободонӣ ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтихорнома ва туҳфаи хотирмон супорид.
Сипас, ректори донишкада ба 30 нафар профессорону омӯзгорон ифтихорнома ва сипосномаҳоро супориданд.
Дар интиҳо чорабинии фарҳангӣ бо ширкати донишҷӯёну ҳунармандони ансамбли донишкадавии “Ҷилои ёқут” баргузор гардид, ки аз ин табъи ҳозирин хуш гардид.
Шуъбаи иттилоот