Роҳпаймоии идона бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо ширкати омӯзгорону донишҷӯёни донишкада

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур нахуст раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ҳозиринро ба ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта ба сокинон саодатмандиву сарбаландӣ таманно намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  омодагиҳо дар шаҳри Бӯстон дар сатҳи баланд буд ва аз зумра як қатор корхонаву муассисаҳои нав  бунёд карда шуданд. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ омодагиҳо ба ҷашни мазкур дар сатҳи хеле баланд буда, як қатор иншоотҳои ҷашнӣ низ сохта шуд. Аз ҷумла бинои асосии таълимии донишкада пурра аз тамири капиталӣ бароварда шуд, хобгоҳи рақами №3 таҷдиду навсозӣ гардид, майдончаи теннис барои донишҷӯён сохта шуд, ки ин дастоварди бузург ба ин ҷашни ҳумоюнӣ мебошад.

Дар роҳпаймоии идонаи шаҳри Бӯстон Донишкадаи кӯҳию металлургии шаҳри Бӯстон қабои идона ба бар намуда, саҳну атрофи он бо шиору овезаҳо ва гулҳои тару тоза оро ёфта буданд, ки як гӯшаи зебои ҷашнии шаҳрро ташкил медод, ҳамчунин донишҷӯёну омӯзгорони донишкада бо дастовардҳои хеш дар роҳпаймоӣ фаъолона  ширкат намуда, дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд. 

Дар умум таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо ширкати овозхонҳову ҳунармандон ва таҳияи барномаи хуби фарҳангиву фароғатӣ бисёр ҳам дар сатҳи олӣ гузашт.

 

Шуъбаи иттилоот