Санаи 31-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия XVI Форуми байналмилалӣ дар самти “Муаммоҳои актуалии истифодабарии қишри замин” оғоз гардид, ки то санаи 6-уми июн идома хоҳад ёфт.
Дар давоми 17 сол форум аз худ ҳамчун платформаи кушодро барои баррасии мавзӯъҳои вобаста ба масъалаҳои муҳим оид ба рушди маҷмӯъҳои ашёгӣ-минералӣ ва энергетикию сӯзишвориро ифода менамояд.
Дар давоми рӯзҳои гузаронидани Форум, дар башхшҳои соҳавӣ иштирокчиён тадқиқотҳои худро пешниҳод карда метавонанд ва бо экспертони пешбари ҷаҳонӣ муаммоҳои бештар муҳими соҳаҳоро муҳокима карда метавонанд.
Дар рӯзи аввали Форум, қисми пленарӣ барпо гардид, ки дар он дар мавзӯи “Экология ва рушди техникӣ: мувозинати манфиатҳо” баромадҳо ва муҳокимаҳо шуда гузашт, ки дар он Владимир Литвиненко, ректори Донишгоҳи кӯҳии Санкт-Петербург, Чарльз Хендри, раиси Шӯрои палатаи савдои Британия ва Россия, Роман Самсонов, ноиб президенти ҷамъияти Россия дар соҳаи газ, профессор, Сергей Сердюков, эксперт, Михаил Потехин, директори генералии Caterpillar Eurasia баромад намуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар бахшҳои № – 1,3. Технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ ва Бахши № 15 – Рушди устувори минтақаҳо ва бехатарии экологӣ д.и.т., профессор Розиқов З.А., мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Д.Д. ва Мирбобоев Ш.Ҷ. – омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ бо фишурдаҳои худ тариқи онлайн бо маърӯзаи худ дар мавзӯъҳои “Таъсири соҳаи энергетика ба муҳити атроф” ва “Усулҳои нави пешгӯи намудани сатҳи об дар конҳои нафту газ” баромад намуданд.
Бояд қайд намуд, ки иштирок дар Форуми мазкур – ин имконияти беҳамто барои пешниҳоди натиҷаҳои корҳои илмии худ барои аудитория, ки иштирокчиён зиёда аз 50 кишвари ҷаҳонро ташкил медиҳанд, имконият барои вохӯрӣ бо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва мутахассисони соҳаи академӣ ва бизнес ҷамъиятҳо, дарёфти ҳамкорони потенсиалӣ ва мубодилаи афкор бо дигар олимони кишварҳои дунё мебошад.