Боиси хурсандист, ки имсол 10 нафар донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гирандаи стипендияи Раиси вилоят гардиданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод. Санаи 15.05.2023. ҷавононро шахсан раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯёну магистрони ғолиб мулоқот намуда, ба онон изҳори миннатдорӣ баён карда, акси хотиравӣ гирифтанд.