Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иди аҷдодӣ-Наврӯзи байналмилалӣ бо ширкати ректори донишкада ва дигар меҳмонони олиқадр таҷлил карда шуд. Ҳозиринро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки хушбахтона бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз байналмилалӣ гардид ва кунун дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Сипас, меҳмонон суҳбат намуда, ҳозиринро ба ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфтанд. Ҳамчунин, дар ин маъракаи наврӯзӣ ба як қатор фаъолон ифтихономаву сипоснома аз номи ректори донишкада тақдим карда шуд. Дар ин росто, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон низ ба як қатор омӯзгорон сипосномаҳои КИ ҲХДТ-ро дар шаҳри Бӯстон тақдим намуданд.
Дар интиҳо барномаи фарҳангӣ ва фароғатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Шуъбаи иттилоот