ӌомеаи меҳнатии Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоӌикистон нисбати иштироки ХНИ дар ӌаласаи ифтитоҳии анӌумани САХА дар шаҳри Варшава ва суханронии раиси ХНИ дар анӌуман санаи 10.09.2018 сол

Мо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ДКМТ  суханронии роҳбари ҳайати Тоӌикистон –муовини авали вазири корҳои хориӌии кишвар Низомиддин Зоҳидзодаро дар анӌумани Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мутолиа намуда, онро пурра ӌонибдорӣ менамоем. Роҳбари ҳайати вакилони Тоӌикистон Низомиддин Зоҳидзода ин созмонро воқеан ҳам, дуруст айбдор мекунад, ки чаро ХНИ ки ҳамчун ҳизби террорист ва манъшуда шинохта шудааст, дар ӌаласаи созмон ширкат меварзад. Илова бар ин, роҳбари ҳайати вакилони Тоӌикистон дар суханрониаш хеле бамаврид  қайд мекунад, ки ифротгароҳоро ба худиву бегона ӌудоъ кардан андешаи нодуруст аст. Зеро мо хуб медонем, ки террроист миллат, мазҳаб, сарҳад надорад. Вақте ки чуни наст, чӣ тавр метавон онҳоро ба худиву бегона ӌудоъ кард, бинобар ин террорист –террорист аст. Мо зиёин низ талаб менамоем, ки ХНИ набояд ба чунин нишастҳо раҳ ёбад!

Чомеаи меҳнатии донишкада ба андешаҳои ботили ХНИ дар анӌуман бахшҳоба солгарди Истиқлолияти давлатӣ эътироз баён менамояд. Суханони раиси ХНИ «дар кишвари мо то ҳол ӌараёни зидди истиқлолият ҳукмронӣ мекунад» як сафсатаи хушку холӣ мебошад. Зеро ҳукумат кишвар барои ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ва истиқлолият мубориза мебарад.

Инчунин раиси ХНИ дар суханрониаш борҳо истилоҳи «инсони мустақил»-ро истифода бурда таъкид намудааст, ки маънии асосии истиқлолро бояд шахси мустақил ташкил диҳад. Ба ин «ҳикмат»-и ӯ мо посух медиҳем, ки ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрванди Тоӌикистон дар Конситутсияи соли 1994 ифода ёфтааст, ки он яке аз демократитарин конситутсияҳои дунё мебошад.  Мо мардуми кишвар  инсонҳои озоду мустақил будем, ки дар зарфи 27 соли истиқлолият энергетикӣ соҳиб гардида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Амнияти озуқавориро      таъмин намудем. Инчунгин раиси ХНИ дар анчуман пешниход намудааст, ки созмоне бо номи «Паймони миллӣ» таъсис дода мешавад. Маънии ин иттиҳод маълум аст, яъне мехоҳад боз ХНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ бо номи нав созмон диҳад.

Имрӯз ӌомеаи мо ба чунин созмону паймонҳо ҳеӌ гуна ниёз надорад.

 

Хайати профессорону омузгорон ва кормандони ДКМТ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

бист − 18 =