Имрӯз муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо намояндаи ширкати ҶСК ТГЭМ Умедов Шаҳбоз мулоқот намуда, роҷеъ ба шароити корӣ ва имконияти он, тарзи корфармоӣ, шартномаи меҳнатӣ, ғамхорӣ ба кормандон гуфтугӯ намуд.
Зимни мулоқот намояндаи ширкати ТГЭМ Умедов Шаҳбоз иттилоъ дод, ки ширкати мазкур аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон интизориҳои зиёд дорад ва барои 2000 нафар хатмкунандаи ин донишкада ҷойи корӣ муҳайё менамояд.
Қайд намудан зарур аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 78 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҶСК ТГЭМ яке аз корфармоёни калонтарин ва афзалиятнок дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Маоши кормандон дар ин ширкат аз 4500 сомонӣ боло муайян карда шудааст.