Соли равон Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро 650 нафар донишҷӯ хатм мекунанд. Ва ҳамаи онҳо бояд, то маъракаи хатм бо ҷои кор таъмин карда шаванд.
То имрӯз аз Ширкати тиллотозакунии Зарафшон – 39 дархости кадрӣ, ҶДММ Спитамен(ширкати истеҳсолкунандаи оҳаки н. Ғончӣ) – 10 дархости кадрӣ ба ДКМТ ворид шуда буд.
Ва ниҳоят имрӯз аз ҶДММ “ТВЕА – Душанбе саноати кӯҳӣ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости №ТВЕА(РТ-07) аз 05.04.23 барои хатмкунадагони ихтисосҳои геология, металлургия, нафту газ, заргарӣ, ҳамлу нақл, мошинсозӣ, экологӣ, иқтисодиёти соҳавӣ, муҳандисони корҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, мошинҳои кӯҳӣ, барқтаъминкунӣ – 346 пешниҳоди ҷои корӣ ба донишкада ворид гардид.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар масъалаи таъминоти хатмкунандагон бо ҷои корӣ, айни ҳол миёни ҳамаи макотиби олии кишвар — ҷои аввалро ишғол менамояд.