Имрӯз дар мусобиқаи кушоди интихобии шаҳрӣ (марҳилаи якум) оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” байни калонсолон дар вазни 80 кг донишҷӯйи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Бобоҷонов Муҳсин сазовори ҷойи аввал гардид.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон, бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд ва дар он паҳлавонон дар риштаҳои гуногун ширкат варзиданд.
Аҳли факултети металлургия дастпарвари Донишкадаро, ки сазовори ҷойи аввал гардид табрик гуфта, ба ӯ муваффақият ва бурдбориҳо таманно менамоянд.