ҶИЭ ХАТАРИ БУЗУРГ БАР АМНИЯТИ БАШАР

Чанде қабл мақолаи директори институти фалсафа Назар Муъмин нашр шуд, ки бештар муаллиф ба таҳлили масъала пардохта дар чанд маврид ба муаммоҳои сарбаста гиреҳкушоӣ намудааст.

Ҳарчанд дар ин бора дигар манбаъҳо низ таъкид менамуданд ва далелҳои шаръӣ доштанд, аммо ҳаргиз чунин нашудааст, ки ин масъаларо аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ қабул намуда бошанд ва ҳамеша ин масъаларо рад менамуданд.

Аммо дар асоси ҳамаи ин далелҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки на-на гуфтани арӯс аз барои “ бале” будааст.  Зеро тавре, ки аз маълумотҳо бармеояд, аксарияти ин пинҳонкориҳо ва робитаҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо ҷосусони давлатҳои хориҷӣ берун аз кишвар сурат гирифта, ҳамаи давалтҳои манфитадор дар таъсиси ТЭТ ҲНИ ҳисса гузоштаанд, ки мақсад ҳам аллакай маълум аст.

Вале аъзоёни ин ташкилоти террористӣ ин ҳақиқатро рад намуда, ҳамеша даъво пеш меоварданд, ки барои рушду ободии Ватан ва дифоъ аз дин фаъолият мебаранду халос.

Аммо воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта собит сохт, ки аксарияти аъзоёни ТЭТ ҲНИ махсус дар ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамкорӣ намуда, ҷиноятҳои вазнинро дар қаламравӣ кишвар содир намудаанд.

Ҳатто ин наҳзатиёни палид кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида, бештар равшанфикрон ва аҳли зиёро ба қатл расониданд, то ана ҳамин асрори ниҳони хешро пинҳон кунанд, аммо чӣ гунае ки мегӯянд умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва ҳама чиз рӯзе ошкор хоҳад шуд ва ҳамин хел ҳам шуд.

Ҷолибият дар он аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз созмони террористӣ-экстремистӣ эълон шудани ҲНИ ҳам сармоягузориро қатъ накарда пайваста ба роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирии палид пул фиристодааст ва аз ҷумла аз соли 2016 то  соли 2018 тибқи иттилои Назар Муъмин 3 миллион доллар ба Аврупо фиристодааст, ки ин ҳам бошад фақат барои шароит муҳайё намудан ба аъзоёни ТЭТ ҲНИ.

Барои таъсис ва ба роҳ мондани расонаҳои наҳзатӣ ва шабакаву радиои ТЭТ ҲНИ барои тарғиби ғояҳои террористӣ-экстремистӣ ҶИЭ ба суратҳисоби М.Кабирӣ зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор доллар маблағ гузаронидааст, то ба ҳамин восита ҳам ҷойҳои корӣ фароҳам шаваду ҳам наҳзатиёни лаин ба гумроҳсозии мардум тариқи нашри ахбори бардурӯғ машғул шаванд.

Албатта, ҳамаи ин аз чанд ҷиҳат шубҳаовар ва аз ҷониби дигар нақзи қонунҳои амалкунандаи ҷаҳони феълӣ мебошад. Зеро ҶИЭ ҳуқуқи мудохила бар умури дохилии кишвари моро надорад, ки дар ин чанд барномаву муқаррарори байналмилалӣ вуҷуд дорад. Аз ҷониби дигар бошад, созмонҳои минтақа ва ҷаҳон ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун созмони террористӣ-экстремистӣ эълон намудаанду мешиносанд ва дар ин росто ҳам дар бобати Барномаи СММ оид бар мубориза бар терроризму экстремизм ҶИЭ мухолифат намудааст ва ошкоро гурӯҳҳои террористиро сармоягузорӣ намудааст, ки нақзи қонунҳои байналмилалӣ мебошад. Ва аз ҷониби дигар ин рафтори ҶИЭ эътироф накардани СММ маънидод мешавад, ки дар ин замина бояд давлатҳои аъзои СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ чораандешӣ намоянд.

Ва бармегардем ба муҳтавои матлаб, ки чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин рафитори номардонаву қонунвайронкунии ҶИЭ ба Суди байналмилалӣ муроҷиат накунад?

Мо, ҷомеаи маданӣ омода ҳастем, ки бо садҳо далелу арқоме, ки вуҷуд дорад ба Суди байналмилалӣ оид ба ин рафтори ношоистаи ҶИЭ муроҷиат намоем.

Тоҷикистон ва ҳамаи давлатҳои аъзои СММ-ро зарур меояд, ки оид ба ин рафтори ношоистаи ҶИЭ ба Суди байналмилалӣ муроҷиат намоянд, то аз пайомадҳои бади ин кишвари яккатоз ва террористпарвар пешгирӣ карда шавад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ