Ҳамеша чунин шудааст, ки аксарияти созмонҳову ҳизбу ҳаракатҳои мазҳабӣ дар пояи иқтисодии ин ё он сарватманд ва ё бо дастгирии ин ё он ҷумҳуриву давлати бегона арзи ҳастӣ намудаанд ва аз рӯйи барномаи ҳамон сармоягузору пуштибони молиявии худ амал намудаанд.
Аммо боз ҳастанд гурӯҳҳову созмонҳое, ки на иртиботе ба мазҳабу дин доранд ва на ҳадафи рушди милливу пойдории иқтисодӣ, ки аз ҷониби на як давлату як нафар сарватманд ва ё рӯҳонӣ, балки аз тарафи гурӯҳи давлатҳову сармоягузорони манфиатдор амал менамоянд, ки ин гуна ташиклоту гурӯҳҳоро намешавад ба зудӣ шинохт ва барномаашонро дарк аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам чунин як гурӯҳе иборат аз чанд рӯҳониву алоқаманд ба дин дар солҳои 90-уми асри гузашта пайдо шуд, ки мақсади аслии хешро таъсиси ҷумҳурии исломӣ ва ё барқарор намудани мартабаи дин дар ҷомеа маънидод менамуд. Ва ин гурӯҳҳо дар чанд минтақаи калидии мамлакат аллакай пайравон ва тарафдорони худро доштанд, ки бевосита барои баланд бардоштани нуфузи худ ва баланд бардоштани мартабаи гурӯҳ дар ҷомеаву таъсир расонидан ба афкори ҷомеа кор мебурданд.
Баъдтар ин гурӯҳро, ки иборат аз рӯҳониён ва чеҳраҳои қалбакаии исломӣ буд, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, собиқ зиндонӣ дар аҳди шӯравӣ ба роҳбарӣ гирифт ва бо истифода аз фурсати муносибат ва вазъи бӯҳронӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба кишвар овард. Аслан ин тоифаи кӯртинат бо роҳбарии Нурӣ ва чанд нафар аз фаъолони дигар ба расмият шинохтани Ҳизби наҳзати исломиро муҳим шуморида, миёни муридону пайравони мағзшӯишудаашон тавтеаро шурӯъ намуданд ва асоси хунрезиҳои он рӯзҳо низ ҳамин наҳзатиён маҳсуб меёбанд. Зеро ҳамин тоифаи бадниҳод барои ба қисматҳо тақсим намудани кишвар ва ҳокими мутлақ гардидани худ муборизаҳои беамон бурда, ба қатли омӣ саросарӣ гузаштанд, ки дар охир ба ҳама ин хунрезиҳо солҳои 97-уми асри гузашта бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат хотима гузошта шуд.
Аммо ҳарчанд бо ба имзо расидани созишномаи сулҳ масъала ҳалли худро ёфт, лек суолҳои зиёде пайдо мешаванд, ки зеҳни моро ором намегузоранд.
Нахуст, чаро маҳз Ҳизби наҳзати исломӣ ( ташкилоти террористӣ-экстремистӣ) ба сари мардуми хеш ҷабр намуд ва бад ин ҳад куштору даҳшатро боқӣ гузошт?
Чаро як гурӯҳе, ки мақсади аслияш ҳимоя аз ислом маънидод мешуд, бар хилофи фармудаҳои ислом амал намуд ва бегуноҳонро ба қатл расонид?
Наҳзатиён аз куҷо ин қадар маблағ ва аслиҳа ба даст оварданд, дар ҳоле кишвар аслиҳа истеҳсол намекунад?
Наҳзатиён он замон аз кадом технологияи мағзшӯӣ истифода намуданд, ки дар як замон ҳазорҳо маргталабу ҷонфидои наҳзатӣ пайдо шуд ва хуни шаҳрвандони бегуноҳро рехт?
Ин ва боз чанд саволи дигаре ҳаст, ки моро намегузорад ба таърихи ин ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ нанигарем.
Албатта, пеш ҳама моро зарур аст, ки аз ҳамон лоиҳаҳои пасипардагии Ҷумҳурии исломии Эрон ва ТЭТ ҲНИ андак варақ занем ва ҷавоб ба саволи нахуст пайдо мешавад. Тавре, ки муаллифи мақолаи «Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат намояд» Назар Муъмин аз равобити молии роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ бо ҶИЭ навишт, дар солҳои қаблӣ ва махсусан аз рӯзҳои нахустини таъсисаш Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳнамоиву сарпарастии хадамоти махсуси ҶИЭ фаъолият намуда, бар зидди миллат ва кишвар амал намудааст.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст ва зарари моддӣ бошад ба даҳҳо миллиард доллар баробар аст, ки пушти ҳамаи ин Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ меистад.
Тибқи маълумоти муаллифи дигар наҳзатиён нахуст омодагии ҷангӣ ва малакаи ҳарбиро дар давлатҳои хориҷа мегирифтаанд. Перомуни ин масъала дар мақолаи хеш Назаров Қурбонали собиқ полковники ВКД чунин овардааст:“ Ҷангиёни наҳзатиро дар се давра (солҳои 1993 – 1994, 1994 – 1996, 1996 – 1998, дар ҳар даврае аз 80 то 100 нафари) ҳамчун таблиѓотчи (пропагандист), муайянкунанда (установщик), назораткунанда (наблюдатель), таҳиякунандаи воситаҳои тарканда ва нобудкунанда (киллер) омода намудаанд. Таваҷҷуҳи хоса ба тайёр кардани ҷалбкунандагон (вербовшикҳо) равона мешуд. Онҳоро бо овози нарм, сухану гуфтори мулоим таҳти шиорҳои исломи, бо ҳазор зиракиву айёри интихоб мекарданд ва меомўзониданд, ки чи тавр як мусулмони раҳгумзадаро ба доми худ афтонанд. Қабл аз бурдан ба марказҳои террористи, ба ҳар як нафар лақаб ва асноди қалбаки дода мешуд, то нисбати шахсияти якдигар маълумот надошта бошанд. Баъдан онҳоро ба ҳалқаҳо ҷудо намуда, як нафарро сардори он таъйин мекарданд ва тавассути ў ҳалқа идора мешуду дастуру супориш мегирифт. Баъди гузаштани давраи омодагии ҷанги-диверсиони барои иҷро намудани амалиёти тарҳрезишуда ба Тоҷикистон фиристода мешуданд. Вобаста аз масири ҳаракат, аз 800 то 2000 доллари ИМА роҳпули мегирифтанд”.
Ҳамин худ далел бар он аст, ки наҳзатиён фиристодаи давлати хориҷӣ буданд ва бар ивази маблағ фармони хоҷаашонро иҷро мекарданд. Аммо дар чанд соли охир ин ҳақиқатро аъзоёни ТЭТ ҲНИ қабул намекарданд ва ҳамеша пофишорӣ менамуданд, ки онҳо як нерӯи мухолиф ҳастанду на фиристодаву ҷосуси кадом давлати дигар. Аммо тавре, ки Назар Муъмин овардааст, “Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) — захираи ташкилӣ мебошад, ки онро тарафи эронӣ барои пешбурди манфиатҳои худӣ дар Тоҷикистон офаридааст. Муддати ин ҳама солҳои тӯлонӣ дар паси фаъолияти террористии ҲНИ шабаҳи вазири корҳои хориҷӣ Али Акбар Вилоятӣ ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ), ки роҳбарияти он дар содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ ва амният дар қаламрави Тоҷикистон даст доштанд, намудор буданд. Дар бойгониҳои Суди Олии ҶТ садҳо ҷилд парвандаҳои ҷиноятии амалишуда маҳфузанд, ки гуноҳи ТТЭ ҲНИ-ро, ки аъзои он бо супориши хадамоти махсуси эронӣ даҳҳо актҳои террористиро ба муқобили хизматчиёни ҳарбӣ, намояндагони аҳли зиё, дигар динҳо, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва сокинони маҳаллӣ содир кардаанд, исбот мекунанд”.
Ин гуфта ҷумлаи асосие, ки аз воқеияти ҳол ва тасвири воқеии наҳзатиён қисса мекунад, ки ин тоифаи бадкеш ҳаргиз дӯсти миллат набуда, барои хиёнат ба ин миллат камар бастаанд ва махсус дар ин роҳ тарбия карда шудаанд.
Ҷои дигаре муаллиф менависад “аз соли 2016 то 2018 ҷониби Эрон барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ТТЭ ҲНИ беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин маблағҳо барои ташкили кори манбаъҳои иттилоотӣ, пешбурди сомонаҳои интернетӣ, дастгирии молиявии таблиғгарони ҳизб истифода мешуданд”, ки ин ҳам як амали ғайриқонунии Ҷумҳурии исломии Эрон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Зеро чандин созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти терористӣ-экстремистӣ ба расмият шинохтаанд ва дар феҳристи ташкилотҳои террористии ҷаҳон ҷой додаанд. Аммо ҶИЭ дидаву дониста бар хилофи муқаррароти байналмилалӣ амал намуда, ин ташкилотро сармоягузорӣ намудааст, ки бисёр ҳам шубҳаовар аст.
Якум ин, ки ҶИЭ боз кадом нақшае дар сар дорад, мисли солҳои 90-уми асри гузашта? Шояд барои ин комилан омодагӣ мебинад ва аз тарафи дигар сармоягузорӣ намудани ТЭТ ҲНИ ва ҷойгир намудани он дар Аврупо ҳам бесабаб нест. Зеро ҶИЭ ҳоло робитааш бо кишварҳои аврпуоӣ сард аст ва барои боз ҳам таъсир расонидан ба тарафи аврупоӣ тариқи амалҳои террористӣ-экстремистӣ шароит фароҳам меоварад.
Яъне ҷониби ҶИЭ мехоҳад бо як тир ду нишон занад ва аз ҳамин ҳисоб ҳам зуд-зуд ТЭТ ҲНИ-ро сармоягузорӣ мекунад, то ҳарду тарафи масъаларо бинад. Зеро ҶИЭ кайҳо мехоҳад ҳамчун қудрати минтақавӣ эътироф шавад, аммо қутбҳои бузург ба ин иҷозат намедиҳанд ва ҶИЭ ба тарафи Осиёи Марказӣ чашм давонидааст, ба умеде, ки муроде ҳосил шавад.
Аммо аз ҳолат ва равобити пасипардагии ҶИЭ бо ТЭТ ҲНИ ва дигар созмонҳои террорситӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ аст ва дер ё зуд аспи орзуҳои ҶИЭ ба ҷаҳаннам хоҳад фурӯ рафт, ки мо инро ҳатман хоҳем дид.
Бобати он ки чаро Тоҷикистон ба Суди байналмилалӣ перомуни ин масъала муроҷиат намекунад, воқеан ҳам нигаронкунанда аст. Зеро мо бо ин сукутамон бо ин ҳама далелҳои мавҷуда ба чароғи душман равған мепартоем на ин ки душманро водор месозем, ки ба ин амалҳои хоинонааш хотима бахшад.
Аз ин рӯ, пешниҳоди онро мекунам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман ба Суди байналмилалӣ бобати хилофкориву амалҳои ғайриқонунии ҶИЭ ва ТЭТ ҲНИ муроҷиат намояд ва бигзор бо ҷон ҳам бошад ҶИЭ ба хиёнатҳояш ҷавоб гӯяд.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ