Занону духтарони мо бояд аз урфу одатҳои бегона худдорӣ намуда, аз ҷумла дар либоспӯшӣ ба фарҳанги ғайр пайравӣ накунанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар шаҳри Бӯстон даври аввали Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид
Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имрӯз, 19 сентябри соли равон дар қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон даври аввали Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид. Фестивали мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори раиси вилояти Суғд аз 22 августи соли 2019 баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории фестивали мазкур тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, рушди соҳаи саноати сабук, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ мебошад.
Фестивал аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон», «Беҳтарин либос барои персонажҳои афсонавӣ», «Беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарон ва занон», «Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон», «Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси фароғатӣ» ва «Беҳтарин либос барои хона ва корхона» баргузор гардида, дар он зиёда аз 90 нафар кӯдакону духтарон ва бонувони касбу кори гуногун ширкат намуд.
Муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода дар интиҳо оид ба моҳияти баргузории фестивал суханронӣ намуда, ба иштирокдорони фаъол сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд. Беҳтаринҳо баҳри иштирок дар даврии вилоятии Фестивал роҳхат гирифтанд.
Ҷои аввал насиби ДКМТ гардид.
Дар ҷараёни Фестивал ҳунармадони бахши фарҳанг бо пешниҳоди суруду тарона ва ҳунарнамоӣ табъи иштирокдоронро болида гардониданд.