Дар Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маросими ба имзорасонии шартномаи ҳамкорӣ бо донишҷӯён аз ҷониби ҶДММ “ТВЕА” баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, директор оид ба кадрҳои ҶДММ “ТВЕА” Чжан Гуанхуэй ва корманди ҳамин коргоҳ Лю Ган ширкат намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шартномаи мазкурро имконияти хуби рушд барои донишҷӯён унвон намуда, таъкид кард, ки донишҷӯён бояд бештар омӯзанд ва илмҳои муосири соҳавиро донанд.
Ҳамзамон, мавсуф илова кард, ки раёсати донишкада талош менамояд, то аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, барои донишҷӯён шароит фароҳам оварад ва имзои ин шартнома низ як роҳи расидан бар муваффақият мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи ин шартнома донишҷӯён пас аз ду соли таҳсил дар донишкада ба донишгоҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин фиристода мешаванду таҳсилро дар он ҷо идома медиҳанд, ки ин барои баланд бардоштани малакаи касбӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо доштани тамоми имконият бо 73 корхонаҳои саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва аллакай барои таъмин намудани корхонаҳо бо 7500 нафар мутахассис супориш гирифтааст.