ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДОРАД, ДКМТ!

Имрӯз дар донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Чорабиниро  ноиби ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалии донишкада Насриддинов Замониддин Зайниддинович кушода эълон намуда,  донишҷӯён ва меҳмононро ба  санаи муборак, яъне солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта ба ҳама барору комёбиҳо таманно намуданд. Ҳамчунин дар чорабинии ҷашнии бахшида ба солгарди истиқлолият раси ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳраки Бӯстон суханронӣ намуда, донишҷӯён ва ҳамҳизбиёнро ба солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфт. Ҳамзамон дар ин чорабинӣ раиси ячейкаи ҳизбии донишкада Саидов Анвар баромад намуд. Пас аз суханронии идона ба 10 нафар аз кормандон ва омӯзгорони донишкада, ки нав ба сафи ҳизб пайвастаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ бо тантанаи хос супорида шуд.  

Бояд ёдрас шуд, ки  устодону донишҷӯёни ДКМТ низ бахшида ба рӯзи истиқлолияти давлатӣ дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлол маърӯзаҳо қироат намуданд.

                                                                        Шуъбаи иттилоотӣ