
Имрӯз мудири кафедраиматематикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Туев Шоҳин бо ҳамроҳии омзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Юсупова Саноат ва дигар омӯзгорон ба шаҳраку ҷамоатҳои ноҳияи Зафаробод сафар намуда, бо хатмкунандагони макотиби миёнаи ин ноҳия мулоқот намуданд. Зимни мулоқот устодон ихтисосҳои донишкада, имконияти донишкада ва шароити таҳсилу маҳорати омӯзгоронро ба хатмкунандагон муаррифӣ намуда, роҷеъ ба интихоби дурусти касб ба довталабон машварат доданд.
Аз ҷараёни суҳбату машварат як қатор хатмкунандагон хоҳиши интихоби ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро карданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рамзи он дар Маркази миллии тестӣ 201 мебошад.