Ҷараёни тарғибот дар макотиби миёнаи ноҳияи Ҷаббор Расулов

Имрӯз декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ Шамсиддинов Шӯҳратҷон бо ҳамроҳии омӯзгорони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Саидов Мустафохон,  Собирова Шукринисо, Раҳматов Абдумавлон ва омӯзгори кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ Сулейманова Назокат  ба шаҳраку ҷамоатҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар намуда, бо хатмкунандагони макотиби миёна мулоқот намуданд. 

Зимни мулоқот устодон ихтисосҳои донишкада, имконияти донишкада ва шароити таҳсилу маҳорати омӯзгоронро ба хатмкунандагон муаррифӣ намуда, роҷеъ ба интихоби дурусти касб ба довталабон машварат доданд.

Аз ҷараёни суҳбату машварат як қатор хатмкунандагон хоҳиши интихоби ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро карданд. 

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рамзи он дар Маркази миллии тестӣ 201 мебошад.