Ҷараёни тарғибот дар макотиби миёнаи ноҳияи Мастчоҳ

Имрӯз мудири кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ профессор Ҳоҷиев Саидмуқил бо ҳамроҳии омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Ашӯров Хайриддин, омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Обидов Баҳоваддин ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбар ба шаҳраку ҷамоатҳои ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, бо хатмкунандагони макотиби миёна мулоқот намуданд. 

Зимни мулоқот устодон ихтисосҳои донишкада, имконияти донишкада ва шароити таҳсилу маҳорати омӯзгоронро ба хатмкунандагон муаррифӣ намуда, роҷеъ ба интихоби дурусти касб машварат доданд.

Аз ҷараёни суҳбату машварат як қатор хатмкунандагон хоҳиши интихоби ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро карданд. 

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рамзи он дар Маркази миллии тестӣ 201 мебошад.